Марги беш аз 130 тан дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Хатлон

Дар пайи 202 садами нақлиётӣ дар ним сол дар вилояти Хатлон 131 нафар ҳалок шуда, 212 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора пулиси Хатлон иттилоъ дода, садамаҳои нақлиётӣ дар ин вилоятро изтиробангез хондааст. Ҳамзамон, ин ниҳод омор ва сабабу омилҳои рух додани садама, синну соли ҳалокшудагон ва вақту соатҳои садамаҳоро нашр кардааст. Ба гуфтаи […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Дар пайи 202 садами нақлиётӣ дар ним сол дар вилояти Хатлон 131 нафар ҳалок шуда, 212 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора пулиси Хатлон иттилоъ дода, садамаҳои нақлиётӣ дар ин вилоятро изтиробангез хондааст.

Ҳамзамон, ин ниҳод омор ва сабабу омилҳои рух додани садама, синну соли ҳалокшудагон ва вақту соатҳои садамаҳоро нашр кардааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, сабаби асосии садамаҳои маргбор дар роҳҳои Хатлон рондани мошин бо суръати баланд аст, ки 46% садамаҳоро ташкил медиҳад.

Дар баргаҳои зерин дар бораи ин садамаҳо муфассал маълумот медиҳем:

 

Бояд зикр кард, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат мебардоранд. Аз рӯи омори расмӣ  давоми соли гузашта дар кишвар 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2023, 122 ҳолат (соли 2023 –  1 ҳазору 111 садама) бештар будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.