Оғози сабти филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”. Нақшҳои Ҷомиву Навоиро киҳо меофаранд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз сабти филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар Душанбе оғоз мешавад. Аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки кадом ҳунармандон нақшҳои марказии онро меофаранд.

Ба иттилои манбаъ, нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар ин филм Маҳмадсаид Шоҳиён, директори кунунии “Тоҷикфилм” ва нақши Алишер Навоиро Илҳом Бердиев, ҳунарманди ӯзбек меофаранд.

Маҳмадсаид Шоҳиён яке аз ҳунармандони кӯҳнакор аст ва солҳо боз дар мансабҳои гуногун фаъолият дорад. Шоҳиён соли 1989 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳунарпешаи драма ва синамо хатм кардааст ва беш аз 30 сол дар театру синамо фаъолият доштааст.

Ӯ офарандаи нақши Восеъ дар филми ҳунарии “Ашк ва шамшер” аст ва маъруфтарин кори ҳунариаш ҳамин нақш унвон мешавад. Ғайр аз ин, номбурда дар силсилафилми маъруфи “Дар орзуи падар” ҳам нақши  Абдушукурро офаридааст.

Маҳмадсаид Шоҳиён дар театру синамо беш аз 10 нақши асосиро бозидааст.

Сарфи назар аз кори бозигарӣ, Шоҳиён 20 соли охир дар мансабҳои гуногун фаъолият дошт: аввалин директори  ТВ “Сафина” (2005-2009), директори “Тоҷикфилм” (2009-2011), мудири шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011-2013), муовини якуми вазири фарҳанг (2013-2015), раиси Кумитаи телевизион ва радио (2015-2020) ва аз он сол то кунун боз роҳбарии “Тоҷикфилм”-ро ба зимма дорад.

 

Илҳом Бердиев ҳунарманди Театри драмаи Тошканд ба номи Аброр Ҳидоятов аст ва соли 2011 Донишкадаи давлатии санъати Ӯзбекистонро хатм намудааст.

Ӯ то кунун чанд нақши таърихӣ офаридааст. Аз ҷумла, дар филми ҳуҷҷатии “Дар пайи паланг. Зуҳриддин Муҳаммад Бобур” Илҳом Бердиев нақши асосии Бобур Мирзоро бозидааст.

Мавсуф ба Your.tj гуфтааст, ки “барои ҳар як ҳунарманд офаридани нақши Алишери Навоӣ орзу аст. Фикр намекардам, ки рӯзе ман дар синамо Навоиро таҷассум мекунам. Ин барои ман шараф ва ифтихори бузург аст”.

Бояд гуфт, ки тасмими филмбардорӣ дар бораи Ҷомиву Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентҳои ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд.

Моҳи апрели соли 2024 матни филмнома тасдиқ гардид ва аввали моҳи ноябр корҳои омодагӣ ба наворбардории филм оғоз шуданд.

Ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс”, буҷаи умумии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 10 млн доллари амрикоӣ гуфта мешуд.

Дар нишасти хабарии “Тоҷикфилм” гуфтанд, наворбардории филми мазкур дар павилонҳои ин муассиса, маконҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла, қалъаҳои Хуҷанд, Ҳисор, Балҷувон ва дигар маконҳо сурат мегирад. Ҳамчунин, пас аз як моҳи сабти филм дар Тоҷикистон, наворбардории он дар Ӯзбекистон низ ба нақша гирифта шудааст.

Ба қавли директори “Тоҷикфилм”, филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар моварои ҷашни Наврӯзи соли 2026 манзури тамошобинон мегардад.

Аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси ҳикматшинос ва файласуф ҳам ном бурда мешавад, ки бо панду ҳикматҳои хеш ҳамаро ба худ қарин карда буд ва ҳатто ҳукмронони давр низ мафтуни донишу заковати ӯ гардида буданд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳим дар зиндагиномаи Абдураҳмони Ҷомӣ ин муносибати дӯстии ӯ бо Алишер Навоӣ, сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек мебошад. Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.

Солҳои охир, бо беҳ гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ аз мавзӯҳои муҳиме дар суҳбатҳои сиёсатмадорони ду давлат гаштааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...