Қурби сомонӣ нисбат ба доллар қариб 10% боло рафт. Сабаб дар чист?

Дар зарфи 6 моҳи соли 2025 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 9,4% боло рафт. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад. Дар ҳамин давраи соли гузашта қурби асъори маҳаллӣ 2,7% боло рафта буд. “Бо назардошти вазъи душвор дар иқтисоди ҷаҳонӣ, қурби расмии асъори миллии бисёр кишварҳо – шарикони асосии […]

Дар зарфи 6 моҳи соли 2025 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 9,4% боло рафт. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад. Дар ҳамин давраи соли гузашта қурби асъори маҳаллӣ 2,7% боло рафта буд.

“Бо назардошти вазъи душвор дар иқтисоди ҷаҳонӣ, қурби расмии асъори миллии бисёр кишварҳо – шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон тағйир ёфтанд”, – зикр мекунанд дар Бонки миллӣ.

Аз ҷумла, қурби рубли Русия дар муқобили доллари амрикоӣ дар ним сол ба андозаи 22,8%, рубли Буларус – 14,6%, сӯми Ӯзбекистон – 2,1%, тангаи Қазоқистон – 0,6% ва юани Чин – 0,4% боло рафт. Дар ҳамин ҳол, қурби лираи Туркия нисбат ба доллари амрикоӣ 12,6% ва соми Қирғизистон – 0,5% поин рафт.

Мутахассисони Бонки миллии ҷумҳурӣ болоравии қурби мубодилаи сомонӣ нисбат ба долларро “таъсири маҷмӯи омилҳои беруна ва дохилӣ” маънидод мекунанд.

“Ҳаҷми воридшавии асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, рӯйдодҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ, тасҳеҳи сиёсати молиявии бонкҳои марказии кишварҳои пешрафта аз ҷумлаи омилҳои берунианд”, – изҳор дошта буданд қаблан ба “Азия-Плюс” дар БМТ.

Тибқи арзёбии мутахассисон, дар ин масъала “ҷараёни қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА, ки ба тағйирёбии нархҳо ба манбаъҳои энергетикӣ, мухолифатҳои тиҷоратӣ ва ноустуворӣ дар бозорҳои молиявии минатқавӣ ва ҷаҳонӣ вобаста аст”, таъсири бештар дорад.

“Миёни омилҳои дохилӣ метавон тамоюли тағйири талабот ба асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ва самаранокии низоми бонкӣ дар таъмини талаботи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба асъори хориҷиро номбар кард”, – таъкид доштанд дар БМТ.

Дар Бонки миллӣ зикр карданд, ки ҷараёни ҳам омилҳои беруна ва ҳам дохилӣ ба тағйирёбиҳои мавсимӣ осебпазир буда, мутаносибан дар сатҳи таъсири онҳо ба қурби сомонӣ дар давраҳои гуногун ифода меёбад.

Мувофиқи маълумоти “Самтҳои асосии сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат”, сиёсати қурбии БМТ ба реҷаи қурби танзимшавандаи шинокунандаи асъор, бидуни муқаррар кардани ҳудудҳои сабтшудаи тағйирот асос ёфтааст.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ бар асоси талаботи бозор ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор шакл мегирад. Дахолати Бонки миллӣ дар ин реҷа хусусияти истиноӣ дошта, танҳо дар сурати ҷой доштани зарурати воқеӣ амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.