Фаъолияти коллеҷи “Асосгузор”, ки ду сол пеш бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд, қатъ гардидааст

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории “Асосгузор” дар шаҳри Турсунзода, ки ду сол пеш, 24-уми майи соли 2023, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд, фаъолияташро қатъ кардааст. Сабаби қатъи фаъолияти коллеҷ ба нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ворид шудани он ва иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён гуфта шуд.

Дар бораи қатъи фаъолияти ин коллеҷ дирӯз, 31-уми июл, дар нишасти матбуотии Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм иттилоъ доданд.

Сафармад Сафарзода, сардори Раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон имрӯз, 1-уми август, ба “Азия-Плюс” шарҳ дод, ки сабаби асосии қатъи фаъолияти ин муассиса ба нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ворид шудани бинои он аст. Ба гуфтаи ӯ, муассиси коллеҷи мазкур барои қатъи муассиса ба Оҷонсӣ дархост равон кардааст.

Ӯ гуфт, аз ҷониби Агентӣ ва Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз рӯйи ин дархост санҷиш гузаронидаанд.

 

“Онҳо ҳам хулоса доданд, ки муассиса ба талаботи зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқ нест”, – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, коллеҷи омӯзгории “Асосгузор” аз моҳи апрел инҷониб фаъолият намекунад ва иҷозатномааш бозхонд шудааст. Ба қавли ӯ, яке аз сабабҳои дигари қатъи фаъолияти муассиса иҷро нагардидани нақшаи қабули он будааст.

“Муассиса, ки худмаблағгузор аст, натавонист хароҷоти худро руйпуш кунад.  Ба ҳамин хотир, бевосита дархости худи роҳбари муассиса ба Оҷонсӣ ворид гардид ва дар асоси розигии ӯ ва дастури муовини сарвазир фаъолияти муассиса қатъ шуд”, – гуфт ӯ.

Муҳаммадтоир Саидзода, роҳбарии Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм гуфт, коллеҷ хобгоҳ низ надошт ва яке аз сабабҳои дигари қатъи фаъолияти он метавонад ба ин омил рабт дошта бошад.

 

Тимур Гусейнов, муассиси коллеҷи хусусии “Асосгузор” имрӯз дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ба нақшаи генералии шаҳри Турсунзода ворид шудани бинои коллеҷро тасдиқ карда гуфт, бино аллакай тахриб шуда, дар ҷойи он бунёди бинои нав оғоз гардидааст.

Ӯ гуфт, коллеҷ 60 донишҷӯ дошт ва донишҷӯён ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода гузаронида шудаанд.

Ба гуфтаи муассиси коллеҷ, ҳоло бунёди бинои дигар барои коллеҷ дар нақша нест. Ӯ бунёди биноҳои навро дар саросари шаҳри Турсунзода омили ин номид.

Сафармад Сафарзода низ таъкид кард, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 86 муассиса дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ вуҷуд дорад ва на ҳамаи онҳо ҳамасола нақшаи қабули худро ба пуррагӣ иҷро мекунанд.

“Бинобар ин зарурати таъсиси коллеҷи дигарро намебинам”, – таъкид кард ӯ.

Аммо маълум нест, ки чаро бунёди коллеҷе, ки ҳамагӣ ду сол пеш бо иштироки раиси ҷумҳури кишвар ба истифода дода шуд, аз қабл бо нақшаи генералии шаҳр мувофиқа нашудааст.

Бояд гуфт, сохтмони Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” соли 2019 аз ҷониби Тимур Гусейнов, соҳибкори ватанӣ оғоз гардида буд ва 24-уми майи соли 2023 дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Он аз ду ошёна ва 8 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ иборат буда, барои 400 донишҷӯ пешбинӣ гардида буд ва интизор мерафт, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ тадрис ба роҳ монда шавад.

Гуфта мешуд, ки бо ифтитоҳи коллеҷи мазкур 20 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Дар хабари баъди ифтитоҳи он нашргардида гуфта мешуд, ки коллеҷ “дорои синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, чопи маводҳои дарсӣ, толори маҷлис борои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад”.

Зимнан, ба иттилои Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар умум 7 муассисаи таълимӣ дар кишвар аз фаъолият бозмондааст.

– кӯдакистони “Ахтари тобон” дар шаҳри Бӯстон;

– муассисаи таҳсилоти ибтидоии хусусии “Ганҷи дониш” дар шаҳри Душанбе;

– гимназияи хусусии “Зебунисо” дар шаҳри Душанбе;

– ҶДММ “Чархи Роғун” дар шаҳри Истаравшан;

– мактаби рақами 52 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе;

– муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи омӯзгории “Асосгузор” дар шаҳри Турсунзода;

– қатъи ихтисосҳои зинаи магистратураи “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...