Ройгон! Ташхиси нуқсони модарзоди дил ва ҷарроҳии 10 кӯдаку навраси бемор дар Душанбе аз сӯйи табибони чинӣ

Аз 5 то 8-уми августи соли 2025 дар Маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” дар шаҳри Душанбе мутахассисони чинӣ кӯдакону наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд. Инчунин даҳ нафар кӯдакону наврасон, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Ян Хуэй, роҳбари Маркази […]

Asia-Plus

Аз 5 то 8-уми августи соли 2025 дар Маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” дар шаҳри Душанбе мутахассисони чинӣ кӯдакону наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд. Инчунин даҳ нафар кӯдакону наврасон, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Ян Хуэй, роҳбари Маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” иттилоъ дода, гуфт, аз байни беморон кӯдакону наврасони оилаҳое, ки имконияти гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дилро надоранд, дар Чин ҷарроҳӣ карда мешаванд.

“Мо соли гузашта ҳам даҳҳо бемори нуқсони дилро ройгон ташхис карда, даҳ нафари онҳоро ба Чин бурдем. Шаш нафари ба Чин бурдаро ҷарроҳӣ кардему чаҳор нафари дигарро бинобар адами зарурати ҷаррорӣ, табобат кардем”, – гуфт Ян Хуэй.

 

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ҳамасола ин иқдомро баргузор намоянд, зеро теъдоди кӯдакони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил меафзояд.

Хоҳишмандон метавонанд барои ташхиш ва табобат ба ин марказ дар нишонаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи С.Абдуллоев 45/1 ё бо рақамҳои +992 988 27 02 20, +992 900 85 99 99 муроҷиат кунанд.

 

Дар бораи ташхису табобати ройгон дар соли гузашта ва бозгашти кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин дар ин пайвандҳо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.