Ройгон! Ташхиси нуқсони модарзоди дил ва ҷарроҳии 10 кӯдаку навраси бемор дар Душанбе аз сӯйи табибони чинӣ

Asia-Plus

Аз 5 то 8-уми августи соли 2025 дар Маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” дар шаҳри Душанбе мутахассисони чинӣ кӯдакону наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд. Инчунин даҳ нафар кӯдакону наврасон, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ба таври ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Ян Хуэй, роҳбари Маркази ташхисию табобатии “Чину тоҷик” иттилоъ дода, гуфт, аз байни беморон кӯдакону наврасони оилаҳое, ки имконияти гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дилро надоранд, дар Чин ҷарроҳӣ карда мешаванд.

“Мо соли гузашта ҳам даҳҳо бемори нуқсони дилро ройгон ташхис карда, даҳ нафари онҳоро ба Чин бурдем. Шаш нафари ба Чин бурдаро ҷарроҳӣ кардему чаҳор нафари дигарро бинобар адами зарурати ҷаррорӣ, табобат кардем”, – гуфт Ян Хуэй.

 

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ҳамасола ин иқдомро баргузор намоянд, зеро теъдоди кӯдакони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил меафзояд.

Хоҳишмандон метавонанд барои ташхиш ва табобат ба ин марказ дар нишонаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи С.Абдуллоев 45/1 ё бо рақамҳои +992 988 27 02 20, +992 900 85 99 99 муроҷиат кунанд.

 

Дар бораи ташхису табобати ройгон дар соли гузашта ва бозгашти кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин дар ин пайвандҳо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...