“Шикоят надоранд”. Омбудсмени Тоҷикистон гуфт, бо рӯзноманигори зиндонӣ мулоқот доштааст

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон (Омбудсмен) бо рӯзноманигорони зиндонии тоҷик мулоқот кардаанд ва мегӯянд, ки онҳо дар ҳоли ҳозир шикояте надоранд.

Ҳусниддин Нидоев, муовини Сардори шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Вақолатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 5-уми май бо рӯзноманигорони зиндони тоҷик вохӯрдааст.

Ӯ дар нишасти матбуотӣ, имрӯз, 4-уми август, гуфт, бо Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Аҳмад Иброҳим дар зиндони маъруф ба “1-ум Советский” мулоқот доштааст.

Ба қавли ӯ, вазъи саломатии онҳо хуб аст ва шикояте накардаанд.

“Мо пайваста бо онҳо дар сӯҳбат ҳастем. Ҳатто мо вақте бо сардорони муассисаҳо телефонӣ сӯҳбат мекунем, аз ҳолу аҳволи онҳо мепурсем, хусусан дар бораи нафароне, ки дар воситаҳои ахбори омма зиёд нашр мешаванд”, – гуфт Нидоев.

 

Чанде пеш пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндонии тоҷик шикоят доштанд, ки моҳи март ӯро ба ҳуҷраи ҷаримавии зиндон (ШИЗО) гузаронидаанд ва наметавонанд бо рӯзноманигор мулоқот кунанд.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода, додари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз моҳи март ба ин сӯ аз бародараш хабаре надоранд. Ба қавли ӯ, пайвандонаш чанд маротиба ба зиндони Хуҷанд рафтаанд, вале бо  Абдусаттор Пирмуҳаммадзода мулоқот карда натавонистаанд.

“Моҳи марти ҳамин сол, дар робита ба авф чанд комиссия ба зиндон рафта, бо маҳбусон вомехӯранд ва рӯйхати онҳоеро, ки афв мешавад тартиб медиҳанд… Бародарам ба комиссияҳо мегӯяд, ки “ман бегуноҳам, чаро номи маро ба рӯйхати озодмешудаҳо ворид намекунед?”. Комиссия чизе намегӯяд, вале баъди рафтани онҳо масъулини зиндон бародарамро ҷазо медиҳанд. Чуноне огоҳ шудем, ҳоло дар ҳуҷраи камераи ҷаримавӣ (ШИЗО) аст. Чанд бор ҳамсару фарзандонаш ба Хуҷанд рафтанд, вале дида натавонистанд. Аз ҳамон вақт ба ин сӯ занг ҳам назадааст. Мо аз вазъи саломатиаш хавотир ҳастем”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ҳусниддин Нидоев дар ин робита гуфт, ки соли пеш бо Пирмуҳаммадзода дар зиндони Хуҷанд мулоқот доштаанд, вале имсол бо ӯ вонахӯрдаанд. Нидоев гуфт, ки баъд аз нишаст, аз ҳоли Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пурсон мешавад.

Сарфи назар аз гуфтаи Нидоев, пайвандони Завқибек Саидаминӣ шикоят доранд, ки вазъи саломатии ӯ хуб нест. Мағфират Худойназарова, ҳамсари Завқибек Саидаминӣ, рӯзи 8-уми июл дар сӯҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки шавҳараш пас аз зиндонӣ шудан ба бемории асаб гирифтор шудааст ва як моҳи охир аз дарди чашм азоб мекашад.

“Дору бурдем. Мехӯранд. Гуфтанд, ки ба назди камод духтури чашм ҳам рафта, муоилиҷа кардаанд. Ҳолашон он қадар хуб нест”, – бо нигаронӣ иброз дошт Мағфират Худойназарова.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки чанд вақт аст Саидаминӣ аз дарди сутунмӯҳра ранҷ мекашад. Дар ин муддат ӯ аз дарди сутунмӯҳра табобат гирифтааст, аммо ҳоло он боз хуруҷ кардааст.

Пайвандони Далери Имомалӣ ва Аҳмади Иброҳим мегӯянд, ки вазъи саломатии ин рӯзноманигорон хуб аст ва ягона шикояташон дар зиндон будан асту бас.

Бояд гуфт, ки Аҳмади Иброҳим ба 10 солу 4 моҳ, Далери Имомалӣ ба 10 сол, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 сол ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодву Завқибек Саидаминӣ ба 7-солии зиндон маҳкум шудаанд.

Баъди ҳукми додгоҳ, пайвандон ва вакилони дифои рӯзноманигорони зиндонӣ ба зинаҳои болоӣ шикоят карданд, вале дар зинаҳои кассатсионии додгоҳ ҳам ҳукми ин рӯзноманигор тағйир наёфт.

Созмонҳои журналистиву ҳомии ҳуқуқи башар ҳам аз боздошти ин ду журналисти тоҷик бонги хатар мезананд ва аз мақомоти Тоҷикистон озодии онҳоро талаб мекунанд, аммо то ҳол ҳеҷ акси садое нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...