ЧОРАБИНИҲОИ 5 АВГУСТ
Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Хадамоти иҷро (соати 08:00), Суди Олии иқтисодӣ (соати 09:00), Маркази тадқиқоти стратегӣ (соати 09:00), Бонки амонатгузории “Амонатбонк”, Маркази миллии тестӣ (соати 14:00).
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 5 АВГУСТ
Соли 2006 – Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд терминали нави байналмилалӣ ба истифода дода шуд.
Соли 2009 – Ширкати “Tethys” парма кардани чоҳи амиқи иктишофиро дар кони “Комсомол”, ки дар ҳудуди маҳаллаи Лучоби пойтахт ҷойгир аст, оғоз кард.
Соли 2010 – Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли маҳсулоти Тоҷикистон ва Кипр – “Стар Мост” ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2011 – Дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе Амфитеатр ба истифода дода шуд.
Соли 2013 – Дар бинои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нахустин толори мурофиаи судӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон ифтитоҳ гардид.
Соли 2014 – Қонун “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ба иҷро даромад.
Соли 2016 – Дар шаҳри Душанбе кӯчонидани нахустин толори синамои “Ҷомӣ” оғоз гардид ва сипас он тахриб шуд.
Соли 2019 – Дар Тоҷикистон ҷарима барои машғул шудан ба фоҳишагӣ ду маротиба зиёд карда шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1930 – Мавлуди Раҳмон Сафар, адиби ҷангноманависи тоҷик.
Соли 1936 – Зодрӯзи Бурҳон Раҷаб, ҳунарпешаи театр ва коргардони тоҷик.
Бурҳон Раҷаб хатмкардаи факултети ҳунарпешагии Институти театриву рассомии Тошканд ба номи А. Н. Островский буда, солҳо дар театрҳои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, дар чанд филми синамои тоҷик нақш офаридааст.
Ӯ қариб 4 даҳсола, аз соли 1959 то соли 1996 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Бурҳон Раҷаб дар саҳнат театр беш аз 100 нақш иҷро намудааст, аз ҷумла нақши масхарабоз дар “Шоҳ Лир”, Шмага дар “Гунаҳкорони бегуноҳ”, дарвеш дар “Шаби гирифтани моҳ”, Азимшоҳ дар “Дохунда”, Афросиёб дар “Рустам ва Суҳроб”, Гургин дар “Бежан ва Манижа” аз ин қабиланд.
Дар синамо бошад, дар филмҳои “Хомӯшӣ нахоҳад шуд”, “Ҳасани аробакаш”, “Паланг даркор”, “Боз як шаби Шаҳризод”, “Афсонаҳои нави Шаҳризод”, “Шаби охирини Шаҳризод”, “Ашк ва шамшер” нақш офаридааст.
Соли 1944 – Мавлуди Юсуфҷон Сангов, Рассоми халқии Тоҷикистон.
Соли 1947 – Зодрӯзи Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон.
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва дорандаи мукофоти давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ фориғуттаҳсили риштаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аст.
Дар охири солҳои 70-ум ӯ, бо нахустнигоштаи худ бо номи “Баъд аз сари падар” ба майдони эҷодӣ қадам ниҳод, ки аз тарафи хонандагон ва муҳити илмиву адабӣ хеле хуш пазируфта шуд.
“Паррончакҳо” – асари дуввуми ин нависандаро чандин насли кишвар дар хотир дорад ва ҳоло ҳам дар долонҳои донишгоҳу рахтҳои хобгоҳ ин қиссаи Абдулҳамид Самад мутолиаву муҳокима мешавад. Он аз ҳаёти донишҷӯён ва дар асоси ормонҳои миллӣ нигошта шудааст.
Дар ин баробар, романи “Гардиши девбод”-и ин нависандаи номвар, ки аз гирдбодҳои рӯйдодаи таърихи тоҷикон аз давраи Инқилоб то ҷанги шаҳрвандӣ қисса мекунад, дар рӯҳияи миллатпарварӣ ва худшиносии миллӣ нигошта шудааст.
Ӯ ҳамчунин муаллифи маҷмуаҳои “Шохи чанор”, “Пиёлаи шикаста”, “Аспи бобом”, “Косаи давр”, “Майдон”, “Акаи ошиқ”, “Шаҳдрези садо”, “Талош”, маҷмӯаи ҳикояҳои барои хурдсолон “Ман ошнои ту, ту ошнои ман”, “Гиряи хирс”, “Гардиши девбод” аст.
Дар мусоҳибаи зерин, ки “Азия-Плюс” бахшида ба 75-солагии Абдулҳамид Самад ороста буд, аз ҳувияти миллӣ ва андешаҳои миллатпарваронаи ӯ мутолиа кунед: "Абдулҳамид Самад: Имрӯз худшиносии миллӣ хело коҳиш ёфтааст".
Соли 1961 – Мавлуди Сафар Ҳақдод, коргардони тоҷик, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.
Сафар Ҳақдод, филмноманавис, ҳунарпеша ва коргардони тоҷик соли 1983 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолият худро дар Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз кардааст.
Ӯ аз соли 1986 дар муассисаи “Тоҷикфилм” ба фаъолият пардохта, як муддат дар киножурнали ҳаҷвии “Калтак”, шуъбаи “Кинои ҳуҷҷатӣ” кор кардааст.
Солҳои 1994–1998 муовини директори “Тоҷикфилм” буда, солҳои 1998–1999 иҷрокунандаи вазифаи директори “Тоҷикфилм” ва ҳамзамон директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд.
Аз соли 1999 роҳбари ширкати “Киносервис” мебошад, ки дар он ҷо мактаби дусолаи омӯзиши кино ташкил кардааст. Имрӯз хатмкунандагони ин мактаб дар соҳаи кино ва телевизион фаъолона кор мекунанд. Ӯ инчунин продюсери филмҳои таълимӣ ва нахустфилмҳои хатмкунандагони мактаби кино аст.
Соли 2004 аввалин фестивали байналмилалии синамои Тоҷикистон – “Дидор”-ро таъсис дод ва роҳбарии онро ба дӯш гирифт.
Аз соли 2011 то имрӯз раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон аст.
Соли 1963 – Зодрӯзи Салими Зарафшонфар, адиб, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик.
Салими Зарафшонфар зодаи шаҳри Панҷакент буда, соли 1988 ба Душанбе омад ва дар нашриёти “Ирфон” ба фаъолият пардохт. Минбаъд, дар солҳои гуногун дар маҷаллаҳои “Шифо”, “Фирӯза”, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, Радиои тоҷик, муассисаҳои нашриявии “Деваштич”, “Ҳумо”, “Эҷод” ифои вазифа намудааст. Чанде тарҷумони ҳафтаномаи “Муҳаббат” ва корманди маҷаллаи “Истиқбол” буд.
Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ “Хунбаҳо” унвон дошта, соли 1990 бо пешгуфтори устод Лоиқ нашр шудааст. Маҷмӯаи дувуми шеърҳояш “Сад най фиғон” соли 2003 аз чоп баромад.
Салими Зарафшонфар дар наср низ қувва озмуда, қиссаҳои “Зери заҳрханди Аҳриман”, “Ду овора” ва “Шоҳасп”-ро таълиф намудааст.
Ӯ ҳамчунин муаллифи романи “Ангезаи охирин” мебошад. Аз рӯи қиссаи “Ду овора”-и ӯ телевизиони “Сафина” филми ҳунарии “Доғ”-ро ба навор гирифтааст.
Тарҷумаи романи “Шарлотта Бронте”-и Ҷен Эйр, “Дӯсти дилнавоз”-и Ги де Мопассан, “Саҳифаи муҳаббат”-и Эмил Золя, “Обхези найсон”,-и И.Тургенев, “Дастпонаи ақиқнигин”-и А.Куприн, “Марианна”-и Лагерквист ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Соли 1971– Зодрӯзи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон.
Ӯ соли 1997 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди байналхалқӣ хатм кардааст.
Аз соли 1997 то 2015 дар вазифаҳои сардори хадамоти бехатарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҳисобдори дараҷаи 3, иқтисодчии дараҷаи 1, муовини сардори шуъбаи муомилоти пулӣ, cардори шуъбаи назорати асъории Департаменти фаъолияти иқтисодии берунӣ, сардори Шуъбаи назорати асъорӣ ва қарздиҳии Департаменти фаъолияти иқтисодии берунӣ, Муовини директор – сардори Идораи амалиётҳои асъории Департаменти фаъолияти иқтисодии берунии ҶСК “Ориёнбонк”, муовини директори Агентии хариди давлатии молҳо, кор ва хизматрасонӣ, муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ, муовини сардори Сарраёсат – сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамарказ, сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 2015 муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъин шуда, як сол дар ин мақом кор кард.
Баъди ин як сол, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд.
То таъин гардидан ба ҳайси вазири молияи Тоҷикистон дар соли 2018 як сол раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Моҳи ноябри соли 2020 дубора вазири молияи Тоҷикистон таъин гардид.
Соли 1975 – Зодрӯзи Абдулқаҳҳор Давлат, рӯзноманигори тоҷик.
Ӯ солҳои тӯлонӣ масъулиятҳоеро дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло террористӣ эълон шудааст, иҷро кардааст. Аз ҷумла, котиби Дастгоҳи марказии ҳизб, муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва таълими сиёсӣ, сармуҳаррири нашрияи “Наҷот” ва узви Шӯрои сиёсии он буд.
Ғайр аз ин ӯ ёвари директори хабаргузории “Мизон”, мутахассиси пешбари маркази матбуотии Вазорати саноат ва мудири Маркази таҳлилӣ ва иттилоотии “Пресс-панорама” низ будааст.
Абдулқаҳҳори Давлат шаби 16-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, бо иттиҳоми даст доштан дар ошӯби Ҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) боздошт гардида, ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.
Соли 2009 – Нӯъмон Қосимов, муаррихи тоҷик дар синни 75 аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии чароғаки роҳнамо таҷлил мегардад. Ин сана ба рӯйдоди муҳиме пайванд дорад. Рӯзи 5-уми августи соли 1914 дар шаҳри Кливленди Амрико нахустин чароғаки роҳнамо бо ду ранги асосӣ – сурх ва сабз, ҳамроҳ бо ишораи овозӣ насб гардид.
Соли 1920 чароғакҳои муосир бо се ранг дар шаҳрҳои Детройт ва Ню-Йорк пайдо шуданд ва тадриҷан дар тамоми Амрико ва Аврупо паҳн гардиданд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23 гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 29+31º гарм.


