Расонаҳои Русия мегӯянд, гумонбарони асосӣ дар парвандаи “Крокус” “ба гуноҳашон иқрор ва изҳори пушаймонӣ карданд”

Чаҳор шаҳрвандони Тоҷикистон, гумонбарони асосии ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар  Маскав дар мурофиаи аввали додгоҳӣ "ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд". Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Людмила Айвар, намояндаи ҷабрдидагон иттилоъ медиҳад. “Пас аз эълони хулосаи айбдорӣ ҳамаи иштирокчиёни бевоситаи амали террористӣ изҳор доштанд, ки пурра ба гуноҳашон иқрор ва […]

Asia-Plus

Чаҳор шаҳрвандони Тоҷикистон, гумонбарони асосии ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар  Маскав дар мурофиаи аввали додгоҳӣ "ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд". Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Людмила Айвар, намояндаи ҷабрдидагон иттилоъ медиҳад.

“Пас аз эълони хулосаи айбдорӣ ҳамаи иштирокчиёни бевоситаи амали террористӣ изҳор доштанд, ки пурра ба гуноҳашон иқрор ва аз кардаи худ пушаймонанд”, – иброз доштааст Людмила Айвар.

Ба гуфтаи ӯ, "Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода аз ҷабрдидагон узр пурсидаанд".

Дар ҳамин ҳол, номбурда гуфтааст, ки Муҳаммадсобир Файзо гуфт, “шахсони муайян аз ҷавониаш истифода бурда”, ӯро фиреб ва ба амалҳои ҷинояткорона ҷалб кардаанд, ҳарчанд ӯ дар ҳаёташ нақшаҳои дигар дошт”.

Чанд иштирокчиии дигари парванда – Умедҷон Солиев, Мустақим Солиев, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммадзоир Шарифзода, Яқубҷони Давлатхон Юсуфзода ва Лутфуллои Назримад "ба гуноҳашон қисман иқрор шудаанд".

Ҳафт нафари боқимонда Ҷумъахон Қурбонов, Ҳусейн Медов, Ҷабраил Аушев, Алишер Қосимов, инчунин Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо гунаҳкор будани худро рад кардаанд.

Қаблан моҳи июн зикр гардида буд, ки танҳо як айбдоршаванда – Фаридуни Шамсиддин пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ кардааст. Се гумонбари дигар низ ба гуноҳашон иқрор шуда, лекин изҳори пушаймонӣ накардаанд.

Парвандаи содир гардидани амали террористиро дар “Крокус” Додгоҳи 2-юми ҳавзаи ғарбӣ баррасӣ мекунад. Ҷаласаи аввал ба таври ошкор баргузор мегардад, аммо раванди минбаъдаи мурофиа аз расонаҳо ва омма пинҳон нигоҳ дошта мешавад, зеро ба қавли мақомоти Русия, дар маводи парванда маълумоти махфӣ мавҷуд аст.

 

Муҳлати ҳабси гумонбарон 6 моҳи дигар тамдид карда шуд

Зиёда аз 1700 нафар ҷабрдида дар ин парванда эътироф шудаанд. Маблағи даъвоҳои ҷуброни зиёни молӣ ва маънавӣ аз рӯи ин парванда ҳудуди 66 млн рубл (826 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.

Додгоҳ муҳлати дар ҳабс нигаҳдории 19 иштиркчии парвандаро боз 6 моҳ – то 7 январи соли 2026 дароз кард. Дар Русия ҳамаи онҳо ба феҳристи террористон шомиланд.

Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Красногорски вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 сурат гирифта, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Гумонбарони асосии парванда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Радҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов. Мақомоти тафтишотӣ иддао мекунад, ки маҳз онҳо дар “Крокус” тирпарронӣ карда, баъди оташзанӣ фирор кардаанд. 

Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани гумонбарони амали террористиро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Чаҳор гумонбарии аслии  боздоштшуда дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.