Қазияи ҳамла ба “Крокус”: Яке аз муттаҳамони аслӣ изҳори пушаймонӣ кардааст?

Фаридуни Шамсиддин, яке аз муттаҳамони аслии ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав “аз амали содиркардааш изҳори пушаймонӣ кардааст”. Хабаргузории ТАСС бо такя ба маводи парванда навиштааст, аз миёни чаҳор гумонбари аслии ҳамла ба “Крокус” танҳо Фаридуни Шамсиддин “дар баробари эътирофи пурраи гуноҳ, аз амали содиркардааш изҳори пушаймонӣ кардааст”. “Се муттаҳами дигар […]

Фаридуни Шамсиддин, яке аз муттаҳамони аслии ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав “аз амали содиркардааш изҳори пушаймонӣ кардааст”.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба маводи парванда навиштааст, аз миёни чаҳор гумонбари аслии ҳамла ба “Крокус” танҳо Фаридуни Шамсиддин “дар баробари эътирофи пурраи гуноҳ, аз амали содиркардааш изҳори пушаймонӣ кардааст”.

“Се муттаҳами дигар – Муҳаммадсобир Файзов, Саидакрам Раҷаболизода ва Далерҷон Мирзоев ҳарчанд гуноҳро пурра эътироф кардаанд, вале аз амали содиркардаашон изҳори пушаймонӣ накардаанд”, – менависад ин расона.

Як вакили дифои ҷабрдидагони ин ҳам ба ТАСС дурустии ин маълумотро тасдиқ кардааст.

Аммо ин расона назари муттаҳамон, аз ҷумла Фаридуни Шамсиддин ва ё вакилони дифои онҳоро дар бораи то куҷо дуруст будани маълумот интишор накардааст.

Аслан маълум нест, ки муттаҳамон ба вакили дифоъ таъминанд ё не. Чанде пеш хоҳари Фаридуни Шамсиддин дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки пас аз боздошт бо бародараш ӯ ва аъзои дигари оилааш мулоқот накардаанд ва аз ӯ ҳеҷ хабаре надоранд.

Пайвандони се муттаҳами аслии дигар ҳам бо гузашти як сол аз ҳодиса ба “Азия-Плюс” зикр карда буданд, ки аз аҳволи фарзандашон хабаре надоранд ва намедонанд, ки онҳо вакили дифоъ доранд ё не.

Чунин шеваи мармузи таҳқиқи ҳодиса аз сӯйи мақомоти Русия, дурустии таҳқиқ ва далелҳои онро зери шубҳа бурдааст. Аксар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон бо назардошти шеваи  боздошти гумонбарон, таъкид мекунанд, ки эътирофи гуноҳ ва пешбурди тафтишот зери шиканҷаву фишор, ки мақомоти Русия аз рӯзи аввал ба намоиш гузоштанд, шаффофияти таҳқиқро зери суол мебарад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар толори консерти "Крокус Сити Ҳолл"-и канори Маскав 22-юми марти соли 2024, тақрибан соати 20:00 рух дод. Чаҳор марди мусаллаҳ бо мошини “Рено” ба ин толор ворид шуда, тирпаронӣ карданд. Сипас, толори мусиқӣ ва чанд ҷои дигари биноро оташ заданд. Мақомоти Русия гуфт, ҳамаи ин дар 18 дақиқа сурат гирифт ва ҳамлаварон бо ҳамон мошин аз ҷойи ҳодиса рафтаанд.

Бар асари ин ҳамла 146 нафар кушта ва беш аз панҷсад нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла яке аз бузургтарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Русия баъди ҳодисаи террористӣ дар мактабе дар шаҳри Беслан дар соли 2004 мебошад.

Дар робита ба ин чор нафар ҳамчун гумонбари аслӣ боздошт шуданд. Баъдтар теъдоди муттаҳамони боздоштшуда афзуд. Оид ба теъдоди умумии боздоштшудагон, "даст"-и "Вилояти Хуросон" ва нақли пайвандони чор муттаҳами аслӣ дар матлаби "Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?" муфассал мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.