Ба хотири қурбониёни Эрон дар ҷанг бо Исроил. Дар Сафорати Эрон дар Душанбе “Дафтари ёдбуд” боз шуд

Субҳи имрӯз, 30-юми июн ба хотири бузургдошти ҷамъе аз фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, донишмандони ҳастаӣ ва теъдоде аз сокинони оддии ин кишвар, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои низомии Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ қурбон шуданд, дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Дафтари ёдбуд” боз шуд. Сафирони кишварҳои хориҷӣ, аҳли фарҳангу адаби тоҷик ва сокинони пойтахт барои арзи таслият ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 30-юми июн ба хотири бузургдошти ҷамъе аз фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, донишмандони ҳастаӣ ва теъдоде аз сокинони оддии ин кишвар, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои низомии Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ қурбон шуданд, дар Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Дафтари ёдбуд” боз шуд.

Сафирони кишварҳои хориҷӣ, аҳли фарҳангу адаби тоҷик ва сокинони пойтахт барои арзи таслият ба сафорат омаданд.

Ин маросим то 1-уми июл идома карда, хоҳишмандон метавонанд аз соати 10:00 то 16:00 ба сафорат рафта, ба мардуми Эрон расман ҳамдардӣ ва онро дар “Дафтари ёдбуд” сабт кунанд.  

Ёдрас мешавем, ки ҷанги Исроил бо Эрон рӯзи 13-уми июн бо ҳамлаи Исроил ба хоки Ҷумҳурии Исломӣ оғоз шуд ва 12 рӯз идома кард. Дар ин муддат беш аз 600 шаҳрванди Эрон кушта ва наздики 5 ҳазор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҷониби Исроил ҳам аз кушта шудани беш аз 20 тан ва ҷароҳат бардоштани садҳо нафар хабар дод.

Ҳамчунин, дар матлаби “Барномаи ҳастаӣ як баҳона аст”. Ҳадафи ҷанги Исроил чӣ аст ва Эрон то куҷо метавонад аз худ сазовор дифоъ кунад? метавонед оид ба ҳадафи аслии ҷанги Исроил, зарфиятҳои дифоии Эрон, пуштибонҳои ду кишвар ва эҳтимоли домангустарии ҷанг дар минтақа маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.