Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафари расмии дурӯза ба Қирғизистон рафт

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати расмии Жээнбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Бишкек, пойтахти ин кишвар рафт. Дар доираи ин сафар ҷонибҳо масоили кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд. Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин сафар ду рӯз – 30-уми июн ва 1-уми июл идома карда, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо даъвати расмии Жээнбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Бишкек, пойтахти ин кишвар рафт. Дар доираи ин сафар ҷонибҳо масоили кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин сафар ду рӯз – 30-уми июн ва 1-уми июл идома карда, дар чаҳорчӯби он музокироти вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор мешавад.

Инчунин имрӯз дар шаҳри Чолпон-Ота ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ  (СААД) низ баргузор мегардад. 

Ба навиштаи хабаргузории “Казинформ”, дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви СААД масоили мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ба масоили муқовимат ба терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин таҳдидҳои нав, аз ҷумла, киберамният ва чолишҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус карда мешавад.

Интизор меравад, ки дар доираи ин чорабинӣ як қатор санадҳои муҳим ба имзо расонида шаванд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узв ва рушди ташаббусҳои муштарак нигаронида шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми марти соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 сол боз баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Парлумонҳои ҳар ду кишвар рӯзҳои 18-19 март ин шартномаро ба тасвиб расониданд.

Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.