Афзоиши электромобилҳо талабот ба гази моеъро дар Тоҷикистон кам карданд

Ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тадриҷан кам мешавад. Тавре ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар медиҳад, сабаби ин афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо ба кишвар аст. Бино ба маълумоти Хадамот, дар зарфи 6 моҳи соли равон 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки 18,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тадриҷан кам мешавад. Тавре ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар медиҳад, сабаби ин афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо ба кишвар аст.

Бино ба маълумоти Хадамот, дар зарфи 6 моҳи соли равон 176,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки 18,5 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Арзиши 1 тонна ин навъи сӯзишворӣ дар ин давра 685 долларро ташкил додааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта низ арзиши миёнаи он тақрибан ҳамин гуна нарх (681 доллар) дошт.

Зиёда аз 53%-и гази моеъ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввал аз Русия ва боқимонда – ҳудуди 47% аз Қазоқистон оварда шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон ба воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 15 ширкат машғул буданд, ки ҳиссаи бештаринаш дар ин бозор ба ширкатҳои зерин рост меояд:

– ҶДММ «Темур ойл» (27,8%);

– ҶДММ «Аллат» (15,1%);

– ҶДММ «Газпромнефт – Тоҷикистн» (9,6%).

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир бинобар сабаби нисбатан арзон будан, гази моеъ яке аз навъҳои асосии сӯзишворӣ барои нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мееёфт. Дар робита ба болоравии нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) нақлиёти автомобилӣ тадриҷан ба истифодаи гази моеъ гузаштанд. Шуруъ аз соли 2015, зиёда аз 60%-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар ҷумҳурӣ аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мебарданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли 2024 ба Тоҷикистон ҳудуди 18 ҳазор электромобил ворид карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар зарфи 5 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ аллакай қариб 13 ҳазор адад чунин навъи мошинҳо оварда шудааст.

То 1 июни соли 2025 шумори мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 34 ҳазорро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?