Таваррум пасту ҳаҷми ММД зиёд. Нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар ним сол чӣ гунаанд?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар нимаи аввали соли 2025 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 70,8 миллиард сомонӣ, сатҳи таваррум 1,8% ва гардиши савдо беш аз 33 млрд сомониро ташкил додааст. Дар ин бара  Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар имрӯз, 6 август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 

Ба иттилои ӯ, ҳаҷми ММД-и мамлакат дар моҳҳои январ-июни солҳои 2021-2025 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020, 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои пешниҳодгардида, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар моҳҳои январ-июни 5 соли охир ба ҳисоби миёна 8,1%-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020 1,9% бештар аст.

Завқӣ Завқизода гуфт, ҳаҷми иқтисоди миллӣ дар 6 моҳи соли 2025 асосан аз чунин  ҳисоб таъмин гардид::

  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ – 24%;

–  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ – 14,6%;

– хидматрасонии пулакӣ – 12,8%;

– кишоварзӣ – 9,7%;

– боркашонӣ – 9,3%;

– гардиши савдо – 9%;

– мусофиркашонӣ – 5,8% 

Сатҳи таваррум дар ин давра 1,8%-ро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ пасттар будааст. Ба гуфтаи Завқизода, таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа – 2,9% ва арзиши тарофаҳои хидматрасонӣ – 3,4% ташаккул ёфтааст.

Ба иттилои вазир, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ дар 6 моҳи аввали ҳамин сол 33 млрд 313 млн 700 ҳазор сомониро ташкил дод. Ин нишндиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9% бештар будааст. 

“Аз ин ҳисоб, 8,1%-и гардиши умумии савдоро савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва мотосиклҳо ташкил медиҳад” – илова кард ӯ.

Гардиши савдои хориҷӣ бошад, дар ин нимсолаи аввал имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% афзоиш ёфта, беш аз 4 млрд 731 млн долларро ташкил дод. 

Дар ин давра ба маблағи умумии 13 млрд 508 млн 900 ҳазор сомонӣ хидматрасониҳои пулакӣ расонида шудааст. Ин нишондиҳанда дар моҳҳои январ-июни соли гузашта 2,8% камтар буд. Аз ин маблағ, хидматрасониҳои пулакӣ ба маблағи беш аз 9,5 млрд сомонӣ ё  70,7% ба аҳолӣ расонида шудааст. 

 

Содирот коҳишу воридот афзоиш ёфтааст

Дар 6 моҳ ҳаҷми содирот нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 4,3% коҳиш ёфта, беш аз 955 млн доллар расидааст ва воридот 10,5 афзоиш ёфта, беш аз 3 млрд 775 млн долларро ташкил додааст. 

Омили асосии кам шудани содиротро дар вазорат ба беш аз 297 млн доллар кам шудани содироти металлҳои қиматбаҳо рабт дод. 

Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли 2025 асосан чунин маҳсулот содирот кардааст.:

– металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) – 30%;

– маъданҳо – 26,5%;

– алюминии аввалия ва маҳсулоти аз он – 13,8%; 

– нахи пахта – 5,7%;

– қувваи барқ – 5,7%;

– маҳсулоти кишоварзӣ – 3,4%;

– мис ва маҳсулоти аз он омодашуда – 2,6%;

– либос – 2,2%;

– ангишт – 1%;

– семент – 1% 

Дар ин давра ба Тоҷикистон асосан чунин маҳсулот ворид шудааст:

– маҳсулоти озуқаворӣ – 8,3%;

– маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард – 9,7%;

– воситаҳои нақлиёт – 13%;

– маҳсулоти нафтӣ – 11,7%;

– таҷҳизоти технологӣ – 7,9%;

– металлҳои сиёҳ – 7%;

– таҷҳизоти электрикӣ – 6,3%;

– чӯбу тахта ва маҳсулот аз он – 4,3%;

– гази моеъ – 3,2%;

– маҳсулоти полимерӣ – 3,1%

Тибқи гуфтаи Завқӣ Завқизода, Русия ҳамоно яке аз шарикони тиҷоратии асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад. 

Ба иттило ӯ, дар 6 моҳи гузашта гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Русия 111% афзоиш ёфта, ба 1 млрд 71 млн доллар расидааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...