Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 августи соли 2025

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ 7 АВГУСТ

Имрӯз дар вазорату идора ва муассиссаҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад:

– Палатаи ҳисоб (соати 08:00);

– Вазорати адлия (соати 09:00);

– Додгоҳи олӣ (соати 09:00);

– Хадамоти гумрук (соати 10:00);

– Вазорати корҳои дохилӣ (соати 11:00);

– Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (соати 09:00);

– Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав;

– Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ “МИСИС” (соати 10:00).

Дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола идома дорад. Тими миллии занонаи то 20-солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи “С” шуда, бо дастаҳои Австралия, Тайпэйи Чин ва Фаластин рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ то 10-уми август идома мекунанд. Дастҳои зинаи аввали гурӯҳҳо ва се тими беҳтарини зинаи дуюм ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Дар Хуҷанд дар осмони кушоди боғи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ҳафтаи "Ҳаводорони илми афлок" идома дорад. Намоиш то 10-уми август давом мекунад. Сокинону меҳмонон метавонанд ҳамарӯза соатҳои 21:00 ва 22:00 бо истифода аз телескоп Моҳ, Сатурн ва ситораҳои дурахшонро мушоҳида карда, кайҳонро тамошо кунанд.

Ҳамзамон 7 рӯз барои кӯдакон баргузории фестивалҳои роботатехникӣ, ракета-шоу, авиамоделӣ ва аквагрим низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаводорони илми афлок, меҳмонону сокинони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд метавонанд давоми ҳафта ба Планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ омада, намоиши барномаҳоро ройгон тамошо намоянд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 7 АВГУСТ

Соли 1933 – Дар назди пиряхи Федченко истгоҳ ё обсерваторияи метеорологӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2002 – Дар натиҷаи сел дар деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъа (ВМКБ) 24 нафар ҳалок шуда, 20 хонаи истиқоматӣ хароб гардид.

Соли 2010 – Президенти кишвар бо гузоштани санги асос ба сохтмони Осорхонаи миллии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшид.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон Кодекси граждании Тоҷикистонро дар таҳрири нав ба имзо расонид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1924 – Мавлуди Муҳиддин Фарҳат, шоир ва рӯзноманигори тоҷик.

Муҳиддин Фарҳат шоир ва яке аз тарҷумонҳои забардасти тоҷик буда, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хатм кардааст.

Ӯ солҳо дар рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх”, маҷаллаи “Машъал” фаъолият карда, муддате дар Донишкадаи педагогии занонаи Душанбе муаллимӣ кардааст. Ӯ ҳамчунин муҳаррири калони нашриёти “Ирфон” буд ва дар таҳрири Энсиклопедияи советии тоҷик ширкат варзидааст.

Муҳиддин Фарҳат муаллифи китобҳои ашъори “Гулҳои шодӣ”, “Дӯст медорам”, “Назми озодӣ”, “Тирамоҳи муҳаббат”, “Гелоси сафед”, “Рӯди кӯҳӣ” аст.

Инчунин тарҷумаи достонҳои “Евгений Онегин”, “Руслан ва Людмила”-и А.Пушкин, “Бородино” ва “Вопасин писар”-и М. Лермонтов, “Рӯзи охирин” ва “Хонае дар Шушенск”-и С.Шипачёв ба тоҷикӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Мавсуф 30-юми майи соли 1984 дар синни 59 даргузашт.

Соли 1936 – Зодрӯзи Шавкат Абдусаломов, рассом ва ҳунарманди синамо.

Шавкат Абдусаломов хатмкардаи Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскав буда, ҳамчун рассоми таҳиягар дар офаридани чандин филми истеҳсоли “Тоҷикфилм”, “Ӯзбекфилм”, “Мосфилм” ва “Афғонфилм” иштирок доштааст.

Ӯ дар “Тоҷикфилм” дар силсилаи филмҳои Борис Кимёгаров аз рўйи достонҳои “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ – “Достони Рустам”, “Рустам ва Суҳроб”, “Достони Сиёвуш” ҳамчун рассом ширкат варзидааст.

Ҳамчунин дар филмҳои тоҷикии “Муҳофиз” ва “Гирдбод” ҳунарнамоӣ кардааст.

Соли 2004 – Ёрмаҳмад Ашӯрмуҳаммадов, ҳунарпешаи театр ва драманависи тоҷик дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2019 – Аслиддин Осимӣ, табиби маъруфи тоҷик, профессор дар синни 86-солагӣ даргузашт.

Аслиддин  Осимӣ, профессор ва яке аз  урологҳои варзидаи тоҷик буда, соли 1959 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибн Синоро хатм кардааст. Солҳои  1959 то 1963 дар бемористони Хуҷанд ба ҳайси ҷарроҳ фаъолият кард.

Сипас дар Донишгоҳи тиббӣ сабақ гуфта то дараҷаи профессор ва Сарурологи Вазорати тандурустии Тоҷикистон расид.

Аслиддин Осимӣ муаллифи 2 монография, 6 дастури илмию методӣ ва бештар 200 мақола аст.

Соли 2020 – Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи шинохтаи эстрадии тоҷик дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.

Баҳром Ғафурӣ аз сарояндагони маъруфи эстрадаи тоҷик буда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Суруди аввалини ӯ “Парешон шудӣ, ай дил” ном дошта, замони таҳсилаш дар курси аввал эҷод шудааст. Ӯ аз нимаи дуюми солҳои 90-ум маъруф гардид ва баъдан сурудҳои ҷаззоб офарида албоми таронаҳояш, чун “Милоди орзу”, “Ошиқи рӯят” ва “Муҳоҷирбача”-ро омода кард, ки дар миёни мардум маҳбубияти хоса дорад.

“Парешон шудӣ, ай дил”, “Духтари ҳамсоя”, “Чак-чаки борон (бо Шабнами Сурайё), “Муҳоҷирбача”, “Умри ман мераваду…”, “Имшаб мерам ба диданат, ёри ҷон” ва “Орзу” аз зумраи маҳбубтарин таронаҳои ӯ мебошанд.

Баҳром Ғафурӣ чандин маротиба аз сӯи созмонҳои мусиқӣ унвонҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин”-ро ба даст овардааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

Баҳром Ғафурӣ 7-уми августи соли 2020 бар асари садамаи нақлиётӣ дар синни 44 даргузашт.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...