Рустам Ятимов гаронтарин футболбози тоҷик боқӣ монд. Боз киҳо дар сафи беҳтаринҳоянд?

Дар радабандӣ (рейтинг)-и нархгузории футболбозони тоҷик дарвозабон Рустам Ятимов пешсаф буда, арзиши ӯ барои гузаштан ба дастаи дигар 1,5 млн евроро ташкил медиҳад. Маълумоти навшударо портали Transfermarkt ба нашр расонид. Дар зинаҳои баъдӣ Парвиз Умарбоев, Эҳсони Панджшанбе ва ҳимоятгари марказӣ Зоир Ҷӯрабоев қарор гирифтаанд, ки ҳар кадоме 600 ҳазор евро нарх доранд. Сипас Амадонӣ Камолов […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар радабандӣ (рейтинг)-и нархгузории футболбозони тоҷик дарвозабон Рустам Ятимов пешсаф буда, арзиши ӯ барои гузаштан ба дастаи дигар 1,5 млн евроро ташкил медиҳад. Маълумоти навшударо портали Transfermarkt ба нашр расонид.

Дар зинаҳои баъдӣ Парвиз Умарбоев, Эҳсони Панджшанбе ва ҳимоятгари марказӣ Зоир Ҷӯрабоев қарор гирифтаанд, ки ҳар кадоме 600 ҳазор евро нарх доранд.

Сипас Амадонӣ Камолов (550 ҳазор евро), Алишер Ҷалилов (500 ҳазор евро), Олег Баклов (400 ҳазор евро) зикр шудаанд.

Нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев, инчунин ҳамлагарон Нуриддин Ҳамрокулов ва Шервонӣ Мабатшоев ( ҳар кадоме – 350 ҳазор евро) ва дар идома  ҳимоятгарону нимҳимоятгарон ва ҳамлагарони дигар оварда шудаанд: Ваҳдат Ханонов (325 ҳазор евро), Содиқҷон Қурбонов (300 ҳазор евро), Манучеҳр Сафаров (300 ҳазор евро), Азизбек Ҳаитов (300 ҳазор евро), Шаҳром Самиев (300 ҳазор евро).

25 беҳтарин (ТОП-25) футболбози тоҷик аз рӯйи арзиш:

1. Рустам Ятимов (дарвозабон, 27-сола) – 1 500 000 евро

2. Зоир Ҷӯрабоев (ҳимоятгар, 26-сола) – 600 000 €

3. Эҳсони Панҷшанбе (нимҳимоятгар, 26-сола) – 600 000 €

4. Парвиз Умарбоев (нимҳимоятгар, 30-сола) – 600 000 €

5. Амадонӣ Камолов (нимҳимоятгар, 22-сола) – 550 000 €

6. Алишер Ҷалилов (нимҳимоятгар, 31-сола) – 500 000 €

7. Олег Баклов (дарвозабон, 30-сола) – 400 000 €

8. Амирбек Ҷӯрабоев (нимҳимоятгар, 29-сола) – 350 000 €

9. Нуриддин Ҳамроқулов (ҳамлагар, 25-сола) – 350 000 €

10. Шервонӣ Мабатшоев (ҳамлагар, 24-сола) – 350 000 €

11. Ваҳдат Ханонов (ҳимоятгар, 25-сола) – 325 000 €

12. Азизбек Ҳаитов (нимҳимоятгар, 22-сола) – 300 000 €

13. Содиқҷон Қурбонов (ҳимоятгар, 22-сола) – 300 000 €

14. Шаҳром Самиев (ҳамлагар, 24-сола) – 300 000 €

15. Манучеҳр Сафаров ҳимоятгар, 24-сола) – 300 000 €

16. Табрез Исомов (ҳимоятгар, 27-сола) – 275 000 €

17. Шериддин Бобоев (ҳамлагар, 26-сола) – 250 000 €

18. Муҳаммадҷон Раҳимов (нимҳимоятгар, 26-сола) – 250 000 €

19. Алишер Шукуров (нимҳимоятгар, 23-сола) – 225 000 €

20. Аҳтам Назаров (ҳимоятгар, 32-сола) – 200 000 €

21. Нозим Бобоҷонов (нимҳимоятгар, 30-сола) – 200 000 €

22. Сунатулло Исмоилов (ҳамлагар, 23-сола) – 200 000 €

23. Азизбек Далиев (нимҳимоятгар, 20-сола) – 200 000 €

24. Абдураҳмон Нозимов (нимҳимоятгар, 28-сола) – 200 000 €

25. Ҷонибек Шарипов (ҳимоятгар, 23-сола) – 175 000 €.

Қобили зикр аст, ки дар 10-гонаи аввал бозингарони мавқеъҳои гуногун – аз дарвозабон то ҳамлагарон зикр шудаанд. Ҳамчунин футболбозони ҷавон низ доимо дар ин рӯйхат ҳузур дошта, аллакай нархи хуб доранд ва минбаъд арзишашон боло хоҳад рафт.

Аз ҷониби дигар, собиқадорони футболи Тоҷикистон ба мисли Ҷалилов, Умарбоев ва Назаров арзиши устувори худро нигоҳ дошта, қадри таҷрибаандӯзӣ дар мусобиқаҳои байнулмилалиро нишон медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.