Қазияи “дуздӣ”-и пули хуроку либоси сарбозон. 9 тан зиндонӣ ва беш аз 60 кас ҷарима шуданд

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Дар доираи қазияи "дуздӣ"-и миллионҳо сомонӣ пули хӯрок ва либоси сарбозон аз буҷети Вазорати дифои кишвар, ки нисбати 71 тан парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд, 9 нафар зиндонӣ ва беш аз 60 кас ҷарима шудаанд. Дар ин бора рӯзи 7-уми август дар нишастии хабарии Додгоҳи олии кишвар иттилоъ доданд. 

Сайдалӣ Раҳмонзода, муовини раиси додгоҳ олӣ ва раиси коллегияи ҳарбӣ гуфт, аз 71 нафар, 43 тан шахсони низомӣ ва 28 тан ғайринизомӣ, аз ҷумла роҳбарони ширкатҳои молрасон буданд.

Манбаъ гуфт, ҳукми додгоҳ 18-уми марти соли 2025 содир шуда, дар асоси он “9 нафар аз 5 то 15 сол равонаи зиндон ва 62 тани дигар ҷарима шудаанд”. 

Раиси коллегияи ҳарбӣ, аз маҳкумшудагон танҳо номи ду тани онҳо- Ҳукмиддинзода Хайриддин, ки 5 сол зиндонӣ ва Самарализода Раҳмоналиро, ки 15 сол равонаи зиндон шуданд, ифшо кард.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи зарари расонидашуда беш аз 124 ммлн  857 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин, беш аз 108 млн сомонӣ ба буҷаи давлат пардохту беш 16 миллион сомонии дигар то ҳол барқарор нашудааст.

Ба ин тартиб, дуздии маблағ ҳазорон сарбозро аз хӯрок, сарулибос ва муҳиммоти ҳарбӣ маҳрум кардааст.

“Маблағи азхудкардашуда асосан барои хурду хӯрок ва либоси сарбозон ва барои харидории техникаи ҳарбӣ пешбинӣ шуда буд” – изҳор дошт Сайдалӣ Раҳмонзода.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ дар шарҳи татбиқи ҷарима ба аксари гумонбарон гуфт, ки тибқи моддаи 49 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар ҳолати то баровардани ҳукми додгоҳ пурра барқароро кардани зарари расонидашуда, нисбати гунаҳкор “ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда” таъйин мешавад. 

“Ҷинояти маҳкумшудагон ба ҳамин модда мутобиқат мекард ва зарар дар ҳамон давра пурра барқарор шуда буд, аз ин рӯ нисбати онҳо ҷазо дар намуди ҷарима таъин шуд” – шарҳ дод Мирзозода. 

Қаблан, моҳи августи соли гузашта Оҷонсии зиддифасод дар бораи боз шудани парванда дар пайи зарари молиявӣ аз ҳисоби буҷети Вазорати мудофиа нисбати 52 корманди ин ниҳод иттилоъ дода буд. Ҳамчунин, он замон гуфта мешуд, ки аз ҳисоби Вазорати мудофиа 123,1 млн сомонӣ дуздида шудааст.

Дертар, моҳи феврали соли ҷорӣ, ин ниҳод дар робита бо қазияи мазкур аз боз шудани парванда нисбати 78 хидматчии давлатӣ ва азхудкунии 122,7 млн сомонӣ хабар дод.

Он вақт гуфта мешуд, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 43 корманди Вазорати мудофиа, 3 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), 2 корманди Вазорати молия ва 30 корманди мақомоту сохторҳои дигар боз шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...