Дар қазияи фасодкорӣ дар Вазорати дифоъ нисбати 26 хидматчии давлатии дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст

Дар қазияи дуздии миллионҳо сомонӣ аз буҷети Вазорати мудофиа нисбати 26 хидматчии давлатӣ  парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Қаблан, дар пайванд ба ин ҳодиса нисбати 52 мансабдори ин ниҳод парванда боз шуда буд. Онҳо ба дуздии 122,7 млн сомонӣ аз буҷети ин Вазорати дифоъ айбдор мешаванд. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар қазияи дуздии миллионҳо сомонӣ аз буҷети Вазорати мудофиа нисбати 26 хидматчии давлатӣ  парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Қаблан, дар пайванд ба ин ҳодиса нисбати 52 мансабдори ин ниҳод парванда боз шуда буд. Онҳо ба дуздии 122,7 млн сомонӣ аз буҷети ин Вазорати дифоъ айбдор мешаванд. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 14 феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар пайванд ба ин парванда, дар умум, нисбати 78 хизматчии давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳоло қазия дар баррасии додгоҳ қарор дорад.

“Парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 43 корманди Вазорати мудофиа, 3 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), 2 корманди Вазорати молия ва 30 кормандони мақомоту сохторҳои дигар боз шудаанд” – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, аз Оҷонсии зиддифасод ному насаби гумонбарон ва вазифаҳои мушаххаси онҳоро нагуфтанд. 

Тибқи иттилои Сулаймон Султонзода, то имрӯз аз ин маблағҳо 107,8 млн сомонӣ ба буҷети давлат барқарор шуда, барои барқарор кардани 14,8 млн сомонии боқимонда ба додгоҳ аризаи даъвогӣ ирсол гардидааст.

Қаблан, моҳи августи соли гузашта Оҷонсии зиддифасод дар бораи боз шудани парванда дар пайи зарари молиявӣ аз ҳисоби буҷети Вазорати мудофиа нисбати 52 корманди ин ниҳод иттилоъ дода буд. Ҳамчунин, он замон гуфта мешуд, ки аз ҳисоби Вазорати мудофиа 123,1 млн сомонӣ дуздида шудааст.

Аз ҳисоби зарари молиявии расонида дар соли 2024 Вазорати мудофиа бо расонидани 122,7 млн сомонӣ зарар дар ҷойи аввал қарор дорад. Давоми соли гузашта дар сохторҳои ин ниҳод 171 ҷинояти коррупсонӣ ва дорои хусусияти иқтисодӣ ошкор гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.