“Сол аз сол душвор мешавад”. Нархи либосу лавозимоти мактабӣ чанд аст?

Шурӯъ аз 1-уми август дар Душанбе ярмарка фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ ба кор оғоз кард ва он то 31-уми август идома мекунад. Ярмарка аз соати 9:00-и субҳ оғоз мегардад ва то бегоҳ фаъолият мекунад. "Азия-Плюс" аз чанд ярмаркаи пойтахт дидан кард ва бо нархи либос ва лавозимоти мактабӣ, ки ба фурӯш гузошта мешавад, шинос шуд. Маълум шуд, ки ҳоло харидорон дар ин […]

Asia-Plus

Шурӯъ аз 1-уми август дар Душанбе ярмарка фурӯши либосу лавозимоти мактабӣ ба кор оғоз кард ва он то 31-уми август идома мекунад. Ярмарка аз соати 9:00-и субҳ оғоз мегардад ва то бегоҳ фаъолият мекунад.

"Азия-Плюс" аз чанд ярмаркаи пойтахт дидан кард ва бо нархи либос ва лавозимоти мактабӣ, ки ба фурӯш гузошта мешавад, шинос шуд.

Маълум шуд, ки ҳоло харидорон дар ин ярмаркаҳо зиёд нестанд, аммо нарх аз бозор 20-30 сомонӣ фарқ мекунад. Масалан, як курта ҳудуди 150 сомонӣ нарх дорад.

Аз маркази шаҳр оғоз мекунем. Дар мағозаи “Гелос”, ки дар рӯбарӯи Маркази савдои “Садбарг” воқеъ аст, аз ҷиҳати нарх интихоб зиёдтар аст.

Нархи куртаҳо аз 99 то 207 сомонӣ аст. Куртаҳо барои духтарон аз 129 то 325 сомонӣ, шимҳо – дар ҳудуди 200 сомонӣ, доман (юбка) – аз 119 то 179 сомонӣ нарх доранд.

Як ҷуфт пойафзол тақрибан 200 сомонӣ, ҷуроб – 4 сомонӣ, миёнбанд аз 27 то 75 сомонӣ, гарданбанд – 6 сомонӣ, бандҳо барои духтарон аз 10 то 12 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар “Гелос” бо нархи аз 299 сомонӣ (бо тахфиф) то 454 сомонӣ костюм ҳам харидан имкон дорад. Борхалта (рюкзак) аз 115 то 155 сомонӣ нарх дорад.

Дар мағозаи “Гелос” дар назди даромадгоҳ ба шуъбаи кӯдакона метавон асбобу лавозимоти хониш, дафтару қалам, ручка, албом ва ғайра харидорӣ кард.

Дар мағозаи фабрикаи дӯзандагиии “Гулистони Душанбе” нархҳо нисбатан арзонтаранд: курта аз 70 то 100 сомонӣ, костюм барои писарону духтарон – 350-450 сомонӣ. Молу маҳсулот истеҳсоли ватанӣ аст. Метавон либос фармоиш дод ва яклухт харид кард.

Дар маркази савдои “Садбарг” нархи либосу лавозимоти мактабӣ қариб як аст. Дар ин ҷо ҳам дар дохили бино ва ҳам берун аз он ярмарка ташкил шудааст.

Куртаҳо дар ин ҷо аз 120 то 190 сомонӣ нарх доранд. Сарулибос барои духтарон дар ҳама ҷо бо нархи 250-300 сомонӣ, костюм барои писарон – 599 сомонӣ ва доман – бо нархи тақрибан 280 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Як ҷуфт пойафзол барои писарону духтарон 250-290 сомонӣ, бантикҳо – аз 25 то 75 сомонӣ, ҷузвдон – 100 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки аксари сокинон барои арзонтар харидани лавозимот бештар ба бозори “Корвон” мераванд, лекин имсол нархҳо дар он ҷо аз мағозаҳои маркази шаҳр начандон зиёд фарқ мекунанд.

Як курта 100-170 сомонӣ нарх дошта, арзиши он ба матоъ вобаста аст, агар аз пахта бошад, нархаш камтар аст.

Нархи ҷузвдонҳо аз 100 сомонӣ ва зиёдтар аз он, пойафзол – 150-280 сомонӣ, сарулибос барои духтарон аз 270 то 380 сомонӣ, бантикҳо – 10-25 сомонӣ ва галстук – 6-25 сомониро ташкил медиҳад.

 

Лавозимоти хониш

Дафтарҳои маъмулии 12-варақа дар як қуттӣ 10 дона – 30 сомонӣ, 48 варақа – 30-35 сомонӣ нарх доранд. Як дона дафтари одии истеҳсоли ватанӣ 60 дирам нарх дорад.

Ручка вобаста ба намуди зоҳириаш – 1,5-7 сомонӣ, албоми истеҳсоли ватанӣ – 20 сомонӣ ва варақҳояш зиёдтар – то 85 сомонӣ аст.

 

Сифат чӣ гуна аст?

Қариб ҳамаи фурӯшандагон мегӯянд, ки молу маҳсулот дар ярмаркаҳои Душанбе аз Чин, бештар Гуанчжоу оварда шудааст. Баъди ҷорӣ гардидани раводид миёни Тоҷикистон ва Туркия, воридоти мол аз ин кишвар камтар шуда, онҳо гарон ҳам ҳастанд.

Агар ба намуди зоҳирии либосҳо диққат диҳем, сифати онҳо тақрибан як хел буда, дар баъзе ҷойҳо камбуду ноқисиҳоро низ метавон дид.

Дар ярмаркаи назди маркази савдои “Садбарг” барои духтарон либоси зебо ёфтан мумкин аст.

 

Зиёд харҷ мешавад

Волидон зикр мекунанд, ки ба мактаб омода кардани кӯдак, бахусус агар онҳо чанд нафар бошанд, сол то сол душвортар мешавад. Дар бозорҳо, бахусус “Корвон”, аксарият кӯшиш мекунанд, ки моли арзонтар ёбанд, бо фурӯшандагон савдо мекунанд.

“Ман имсол се мактабхон дорам. Албатта, мехоҳӣ, ки ҳамаашон либоси хуб дошта бошанд, лекин нарху маош имкон намедиҳанд”, – мегӯяд яке аз волидон.

“Вақте ки оғози таҳсил наздик мешавад, албатта ин хароҷоти зиёд аст, тамоми оила пешакӣ ба он омодагӣ мегирад, аз баъзе чизҳо сарфа мекунад”, – мегӯяд дигаре.

“Барои писарам, ки дар синфи болоӣ мехонад, аниқ 3 ҳазор сомонӣ сарф мешавад. Ин барои ҳам либосу ҳам лавозимоти хониш аст. Ман пешакӣ ин маблағро пасандоз мекунам, баъд маълум мешавад. Шояд зиёдтар харҷ шавад”, – изҳор мекунад як зани дигари сокини Душанбе.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.