Сӯхтор дар коргоҳи ҳайкалтарошии Академияи рассомӣ дар Душанбе

Дар коргоҳи ҳайкалтарошии Академияи рассомӣ (мусаввирӣ)-и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, ба як қисми дохили бино ва боми он зарар расонидааст. Ин ҳодиса шоми 10-уми август рух дода, оташсӯзи 70 метри мураббаъро фаро гирифтааст. Дар ин бора аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, сӯхтор ҳоло хомӯш шудааст. Дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар коргоҳи ҳайкалтарошии Академияи рассомӣ (мусаввирӣ)-и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, ба як қисми дохили бино ва боми он зарар расонидааст. Ин ҳодиса шоми 10-уми август рух дода, оташсӯзи 70 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Дар ин бора аз Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, сӯхтор ҳоло хомӯш шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса, ба гуфтаи ин ниҳод, касе осеб надидааст.

“Ба оташнишонҳо муяссар шуд, ки ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор як қисми молу маҳсулотро дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз оташ эмин нигоҳ доранд”, – гуфтанд аз Раёсати мазкур.

Ба гуфтаи манбаъ, хисорот ва сабаби сӯхтор аз ҷониби мутахассисони соҳа муайян мешавад.

Шаби гузашта навори сӯхтор дар коргоҳи ҳайкалтарошии Академияи рассомии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд.

Кӯшишҳои "Азия-Плюс" барои тамос бо роҳбарияти академия барои шарҳи бештари ҳодиса бенатиҷа анҷомид. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар шаш моҳи охир дар кишвар 564 ҳодисаи сӯхтор сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 33 ҳолат бештар будааст. Дар натиҷаи ин сӯхторҳо, 14 нафар, аз ҷумла, 6 ноболиғ фавтида, ба иқтисоди кишвар 15 миллиону 662 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.