Тоҷикистон интиқоли маҳсулоти дӯзандагӣ ва риштаро ба хориҷа кам кард

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноати сабук аз Тоҷикистон 100 млн долларро ташкил дод, ки 61,2 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Коҳиш ба чанд маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли нахи пахта ва ришта (калоба) дахл кард.

Ҳамчунин воридоти маҳсулоти дӯзандагӣ то 15,9 млн доллар (–18,7%) кам шуд. Соли гузашта дар ин давра ба маблағи 19,6 млн доллар маснуот ворид шуда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, аз моҳи январ то июни соли 2025 дар корхонаҳои саноати сабук (бидуни назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ) ба маблағи 1 млрд 729,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки 24,5 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Суръати рушд 8,4%-ро ташкил дод. Дар ин соҳа 32 корхонаи нав ба қайд гирифта шуда, 173 нафар дар онҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин шуданд.

Суръати бештари рушд дар самтҳои зерин ба қайд гирифта шуданд:

– истеҳсоли матоъи пахтаву коғазӣ 4,2% афзуда, 14,5 млн метри мураббаъро ташкил дод;

– истеҳсоли сарулибоси мактабӣ 5,1% афзуда, то 1,3 млн адад расид;

– истеҳсоли қолинҳо 3,6% (3,7 млн метри мураббаъ)

– коркарди пӯст – 13,3% (зиёда аз 330 ҳазор дона).

Содироти маҳсулоти дӯзандагӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Беларус 1331 тонна ба маблағи 15,9 млн долларро ташкил дод. Сарфи назар аз коҳиши ҳаҷм дар муқоиса бо соли гузашта (соли 2024 – 1604 тонна), дар ифодаи пулӣ содирот ба миқдори 2,8 млн доллар зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар як қатор мавқеъҳо коҳиш ба қайд гирифта шуд. Истеҳсоли нахи пахта ва риштта кам шуд – 10,97 ҳазор тонна нахи пахта, 9 ҳазораш аз он – ришта.

Сабабҳояш коҳиши талабот дар хориҷа ва рақобатпазирии сусти маҳсулоти ватанӣ унвон мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...