Боҷҳои нав ва боло бурдани арзиши чанд хидматрасонӣ барои муҳоҷирон дар Русия

Asia-Plus

Дар Русия аз 1-уми сентябри соли равон барои муҳоҷирони корӣ дар Русия боҷи нав ҷорӣ мешавад ва ҳамчунин, арзиши бархе хидматрасонӣ, мисли тамдид патент ва ё азнавбақадгирии он гарон мегардад.

Хабаргузории “РИА Новости” менависад, ки аз ҷумла, барои баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирон дар маҳалли будубош 500 рубл ситонида мешавад. Ҳоло ин хидматрасонӣ ройгон аст.

Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия барои тамдиди муҳлати иқомати муваққат аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ 1000 рубл пардохт мекунанд.

Манбаъ менависад, ки барои тамдиди иҷозатнома барои кор (патент) ё азнавбақайдгирии он акнун 4200 рубл ситонида мешавад. Вале агар хоҳед, ки нусхаи иҷозатномаи патентро ба даст биёред ва ягон тағйирот ба он ворид кунед, 2100 рубли дигар пардохт мекунед.

Ҳамчунин, барои сабти ном дар макони зист 1000 рубл пардохт крада мешавда. Ҳоло он 420 рубл аст.

Думаи давлатии Русия қарор барои ситонидани боҷҳои нав аз муҳоҷиронро аввали моҳи июл қабул кард.

Вазорати молияи ин кишвар мегӯяд, таъйини боҷи нав барои муҳоҷирони корӣ ба буҷети давлат 17 млрд рубл даромади изофӣ меорад.

Русия ҳамасола аз ҳисоби муҳоҷирон, махсусан пардохти пули патентмиллионҳо рубл даромад ба даст меорад. Аз ҷумла, дар 5 моҳи соли 2025 муҳоҷирон барои гирифтани патент ба буҷаи Русия 63 миллиард рубл (беш аз 7 миллиард сомонӣ) пардохт кардаанд, ки ин  маблағ 35% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. 

Бо ин вуҷуд, муҳоҷирон дар ин кишвар солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дучор мешаванд.

Ин фишорҳо махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Аз ҷумла, ки дар чор моҳи аввали соли 2025, 19 ҳазор муҳоҷир аз Русия ихроҷ шудаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Вале тавре дида мешавад, ҳоло муваффақ нашудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...