Дар Русия мехоҳанд таҳсили ройгон барои фарзандони муҳоҷиронро манъ кунанд

Як гурӯҳ аз вакилони рус ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки агар он қабул шавад, таҳсили бепул ё ройгон барои кӯдакони муҳоҷирон дар мактабу колеҷ ва техникумҳои ин кишварро манъ мекунад. Муаллифони ин тарҳ пешниҳод кардаанд, ки моддаи 78 қонуни федералии Русия “Дар бораи таълим”, ки ба фарзандони муҳоҷирон ҳуқуқҳи баробар бо […]

Asia-Plus

Як гурӯҳ аз вакилони рус ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки агар он қабул шавад, таҳсили бепул ё ройгон барои кӯдакони муҳоҷирон дар мактабу колеҷ ва техникумҳои ин кишварро манъ мекунад.

Муаллифони ин тарҳ пешниҳод кардаанд, ки моддаи 78 қонуни федералии Русия “Дар бораи таълим”, ки ба фарзандони муҳоҷирон ҳуқуқҳи баробар бо русҳо барои таҳсили ройгонро медиҳад, тағйир дода шавад.

Онҳо талаб кардаанд, ки муҳоҷирони корӣ бояд барои таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои Русия пул пардозанд.

Дар шарҳи тарҳи қонуни мазкур вакилони рус иддаъо кардаанд, ки теъдоди кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия афзоиш ёфтааст, ки ин ба норасоии ҷойҳои нишаст, бештар шудани фишор ба омӯзгорон ва зарурати боло бурдани маоши онҳо оварда мерасонад.

Муаллифони санад гуфтаанд, ки ҳоло дар мактабҳои Русия зиёда аз 180 ҳазор фарзанди муҳоҷирон таҳсил мекунанд ва “дар ёд гирифтани забони русӣ ва барномаҳои таълимӣ мушкилӣ мекашанд, аз ин рӯ ба дарсҳои инфиродӣ эҳтиёҷ доранд”.

Вакилони рус, ҳамчунин, гуфтаанд, ки забони русиро дуруст надонистани кӯдакони муҳоҷирон боиси кунд шудани раванди таълимии кӯдакони рус мешавад. Аммо онҳо ҳеҷ далел барои исбот ин гуфтаҳои худ ироа накардаанд.

Намояндаҳои Вазорати маорифи Русия аз ин пешниҳоди вакилони рус интиқод карда, гуфтаанд, ки аз таҳсили бепул маҳрум кардани кӯдакони муҳоҷирон  бо Қонуни асосӣ ё Конститутсияи Русия мухолифат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июни соли равон Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар аосси он мактабҳо уҳдадор шуданд, ки дар бмаълумоти шахсии кӯдак ва волидони ӯ, натиҷаҳои тест аз забони русӣ, маълумот доир ба қабул ё хориҷ шудан аз мактабро ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар пешниҳод кунанд.

Ёдрас мешавем, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мактабҳои Русия кӯдакони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, қабул намекунанд. Барои тасдиқи сатҳи кофӣ ҷиҳати азхудкунии барномаи мактаб, онҳо бояд тест супоранд. Кӯдаке, ки имтиҳонро супорида наметавонад, уҳдадор аст, ки аз таълими иловагӣ гузарад.

Кӯшиши такрорӣ супурдани имтиҳон танҳо пас аз се моҳ имконпазир аст.

Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои охир, махсусан, баъди ҳодисаи “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар Русия дучор мешаванд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст