Барои ба мактаб омода кардани як хонанда чӣ қадар маблағ лозим аст?

Сол то сол нархи қариб ҳама чиз, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ дар Тоҷикистон боло меравад. "Азия-Плюс" қаблан дар бораи нархи сарулибос ва лавозимоти мактабӣ мақола навишта буд. Дар муқоиса бо соли гузашта нархҳо то чӣ андоза тағйир ёфтаанд? Фарқият дар нарх назаррас аст – қариб 1,5 баробар. Нархҳо дар бозори “Корвон” соли гузашта чунин буданд: Он замон, зимни суҳбат […]

Asia-Plus

Сол то сол нархи қариб ҳама чиз, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ дар Тоҷикистон боло меравад. "Азия-Плюс" қаблан дар бораи нархи сарулибос ва лавозимоти мактабӣ мақола навишта буд. Дар муқоиса бо соли гузашта нархҳо то чӣ андоза тағйир ёфтаанд?

Фарқият дар нарх назаррас аст – қариб 1,5 баробар. Нархҳо дар бозори “Корвон” соли гузашта чунин буданд:

Он замон, зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” яке аз фурӯшандагон гуфта буд, ки нархи сару либос дар бозор нисбат ба мағозаҳо як-ду сомонӣ арзонтар аст. Фурӯшандаи дигар зикр карда буд, ки ҳоло мавсими хариди либосҳои мактабӣ аст ва аз ин рӯ, нарх гарон аст, вале моҳи сентябр маъмулан тахфифҳо мешаванд.

"Ин вақт савдогарон либосу лавозимоти мактабии боқимондаашонро тахфиф мекунанд ва бо нархи дастрас ба сокинон пешниҳод мекунанд”, – гуфта буд ҳамсуҳбати мо.

Соли равон нархҳо дар бозори “Корвон” чунин аст:

Дар корхонаи “Гулистони Душанбе” соли гузашта шиму костюми мактабӣ аз 250 то 400 сомонӣ ва куртаи сафед – аз 60 то 100 сомонӣ нарх дошт.

Имсол куртаҳо дар ин ҷо аз 70 то 100 сомонӣ ва шиму костюм барои писарону сарулибос барои духтарон – 350-450 сомонӣ нарх доранд.

Нархи асбобу лавозимоти мактабӣ (канселярия) низ боло рафтааст. Агар соли гузашта дафтари 12-варақа ҳудуди 45 дирам нарх дошт, пас имсол арзиши он дар қариб ҳамаи мағозаҳои шаҳр 60 дирамро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.