Русия ба қатъи зангҳои овозӣ аз тариқи “WhatsApp” ва “Telegram” оғоз кард

Хадамоти федералии назорат дар соҳаи алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботи оммавии Русия (Роскомнадзор) зангҳои овозӣ аз тариқи паёмрасонҳои "WhatsApp" ва "Telegram"-ро маҳдид кардааст. Ин тасмим бо ҳадафи "мубориза бо ҷинояткорӣ" рӯйи даст гирифта шудҳааст. Дар ин бораи расонаҳои Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти ин ниҳод хабар медиҳанд. Шикоятҳо аз мушкили тамос тавассути ин паёмрасонҳо аллакай оғоз шудааст. […]

Asia-Plus

Хадамоти федералии назорат дар соҳаи алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботи оммавии Русия (Роскомнадзор) зангҳои овозӣ аз тариқи паёмрасонҳои "WhatsApp" ва "Telegram"-ро маҳдид кардааст. Ин тасмим бо ҳадафи "мубориза бо ҷинояткорӣ" рӯйи даст гирифта шудҳааст. Дар ин бораи расонаҳои Русия бо истинод ба хадамоти матбуоти ин ниҳод хабар медиҳанд.

Шикоятҳо аз мушкили тамос тавассути ин паёмрасонҳо аллакай оғоз шудааст.

“Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муроҷиатҳои сершумори шаҳрвандон, паёмрасонҳои хориҷии "Telegram" ва "WhatsApp" хадамоти асосии овозие шудаанд, ки барои фиребу тамаъҷӯии пул, ҷалб ба фаъолияти тахрибкорӣ (диверсионӣ) ва террористии шаҳрвандони Русия истифода бурда мешаванд. Талабот дар бораи андешидани тадбирҳо ва муқовимат, ки чандин маротиба ба моликони мессенҷерҳо фиристода шуданд, аз ҷониби онҳо нодида гирифта шуданд”, – шарҳ додааст "Роскомнадзор".

Бо ин вуҷуд ин ниҳод гуфтааст, ки ба ҷуз зангҳо, дар кори "Telegram" ва "WhatsApp" дигар маҳдудият ҷорӣ накардаанд.

Дар Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртиботи оммавии Русия қарори "Роскомнадзор"-ро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид доштаанд, ки “дар сурати аз ҷониби паёмрасонҳо иҷро шудани талабот оид ба риояи қонунгузории Русия”, дастрасӣ ба зангҳо дар месенҷерҳо “барқарор карда мешавад”.

Сар аз моҳи августи соли равон корбарони "Telegram" ва "WhatsApp" дар Русия аз мушкили кори ин паёмрасонҳо зимни занг ба наздиону пайвандонашон шикоят мекунанд. Баъзе телеграм-канал ва блогерҳо хабар медиҳанд, ки мақомот ба санҷиши қатъи зангҳо аз 1-уми август оғоз кардаанд.

“Ведомости” аз қавли Денис Кусков, мудир кулли "Telecom Daily" навиштааст, ки қисман қатъ кардани зангҳо дар шакли халалу нуқсҳои гуногун зоҳир мешавад.

Хадамоти матбуотии паёмрасони "Telegram" дар вокуниш ба ин маҳдудият навиштааст, ки ҷиҳати пешгирии истифодаи зараровари платформа, аз ҷумла даъватҳо ба тахрибкорӣ, зӯроварӣ ва қаллобӣ чораҳо рӯйи даст мегиранд. Аз ҷумла, ҳамарӯза модераторон миллионҳо чунин маводро ҳазф (хориҷ) мекунанд.

“Илова бар ин, "Telegram" бори аввал танзимоти муфассали махфиятро барои зангҳо ҷорӣ кард, бинобар ин ҳар як корбари "Telegram" метавонад интихоб кунад, ки аз кӣ занг қабул кунад ё пурра онҳоро ғайрифаъол намояд”, — зикр кардаанд дар ширкат.

Айни замон "WhatsApp" ва "Telegram" писандидатарин паёмрасон барои сокинони  Русия маҳсуб меёбанд. Ҳиссаи "Telegram"  дар ним соли охир ба 10% аз ҳамаи вақти истифодаи интернет аз ҷониби сокинони кишвар расидааст. "WhatsApp" соли 2024 ба сегонаи беҳтарин захираҳои сербинандата шомил шуд.

Қобили зикр аст, ки ин паёмрасонҳо аз ҷониби муҳоҷирони кории Русия, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон низ барои гуфтугӯ бо хешовандон дар Ватан фаъолона истифода бурда  мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.