“Регар-ТадАЗ” баъди шикаст аз “Аҳал”, роҳхат ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2-ро аз даст дод

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар майдони худ аз “Аҳал”-и Туркманистон шикаст хӯрда, ба марҳилаи асосии ин мусобиқа роҳхат гирифта натавонист. Ин рақобат дирӯз, 13-уми август, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода ("ТАЛКО-Арена") доир шуда, бо натиҷаи 1 бар 2 ба нафъи “Аҳал” анҷом ёфт. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 62-юм аз […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дар майдони худ аз “Аҳал”-и Туркманистон шикаст хӯрда, ба марҳилаи асосии ин мусобиқа роҳхат гирифта натавонист.

Ин рақобат дирӯз, 13-уми август, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода ("ТАЛКО-Арена") доир шуда, бо натиҷаи 1 бар 2 ба нафъи “Аҳал” анҷом ёфт.

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 62-юм аз сӯи Бахтиёр Гургенов, футболбози дастаи меҳмон боз шуд. Пас аз ду дақиқа Давид Атсам, бозигари хатти миёнаи “Регар-ТадАЗ” голи ҷавобиро зада, натиҷаро 1:1 кард.

Футболбозони дастаи “Аҳал” 8 дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ бо голи задаи Сулаймон Мирзоев дигарбора пешсаф шуда, ҳисобро 1 бар 2 карданд. Ҳамин тавр, то охири бозӣ дигар натиҷа тағйир накард ва “Аҳал” пирӯз шуд.

Ҳамакнун, дар ин мавсим “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё бозӣ хоҳад кард. Дастаи “Аҳал” бошад, баъди пирӯзӣ муқобили “Регар-ТадАЗ” ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфт.

Дар ин мусобиқа имсол Тоҷикистонро танҳо “Истиқлол”-и Душанбе намояндагӣ хоҳад кард. Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё дар мавсими нав рӯзҳои 17-19-уми сентябр оғоз мешавад. Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа пагоҳ, 15-уми август рӯз пас доир мешавад ва дар он рақибони “Истиқлол” низ маълум хоҳанд шуд.

Ёдрас мешавем, ки мавсими гузашта дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё Тоҷикистонро ду даста – “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб муаррифӣ карда буданд. Вале ҳарду дастаи кишвари мо аз гурӯҳ баромада натавонистанд.  

Бояд гуфт, ба далели натиҷаи бади “Истиқлол” ва “Равшан” дар мавсими гузаштаи мусобиқа, сар аз мавсими 2026/2027 ягон даста аз Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 ширкат намеварзад. Дар ин мавсим танҳо як даста – қаҳрамони Лигаи олии Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё ширкат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.