Шаҳрдории Душанбе 30 автобуси барқии нав харидааст

Шаҳрдории Душанбе аз ширкати "Акиа Авесто” 30 автобуси барқӣ ё электробуси нав харидааст. Дар ин бора “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин ниҳод, шартномаи хариди ин нақлиёт миёни шаҳрдории Душанбе ва ширкати "Акиа Авесто автоматив индастрӣ" рӯзи 13-уми август имзо шудааст. Манбаъ гуфтааст, ки автобусҳои барқӣ дорои 32 ҷойи нишаст буда, дар умум имкони гунҷоиши […]

Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе аз ширкати "Акиа Авесто” 30 автобуси барқӣ ё электробуси нав харидааст. Дар ин бора “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, шартномаи хариди ин нақлиёт миёни шаҳрдории Душанбе ва ширкати "Акиа Авесто автоматив индастрӣ" рӯзи 13-уми август имзо шудааст.

Манбаъ гуфтааст, ки автобусҳои барқӣ дорои 32 ҷойи нишаст буда, дар умум имкони гунҷоиши 100 мусофирро доранд.

“Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Манбаъ менависад, ки электробусҳо бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда муҷаҳҳаз мебошанд.

Маълум нест, ки ин автобусҳо кай ва дар кадом хатсайрҳо истифода хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2024 дар роҳҳои пойтахт 375 автобус ва 75 троллейбус фаъолият мекард. Ҳамчунин, беш аз 1000 микроавтобус ва ҳудуди 12 ҳазор такси ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. Омори нав ҳоло дастрас нест.

Бо ин вуҷуд, сокинони Душанбе аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе хатсайрҳо нигаронӣ мекунанд. Бо оғози соли нави хониш ва фасли сармо вазъ метавонад боз ҳам мушкилтар шавад.

Гуфта мешавад, ки шаҳрдории Душанбе нақша дорад то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.