ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 20 АВГУСТ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ дирӯз, 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.
Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ, рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 20 АВГУСТ
Соли 2007 – Ҳукумати Тоҷикистон шартномаро бо ширкати «РУСАЛ» оид ба сохтмони НБО-и "Роғун" бекор кард.
Соли 2008 – Тоҷикистон ва Русия дар бораи истифодаи муштараки фурудгоҳи Айнӣ дар Ҳисор ба созиш расиданд.
Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи 20-солагии истиқлоли давлатӣ Қонун “Дар бораи авф”-ро имзо кард, ки тибқи он 4 ҳазор зиндонӣ ба озодӣ баромаданд.
Соли 2021 – Дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1936 – Мавлуди Наимҷон Назирӣ, шоири тоҷик.
Соли 1942 – Зодрӯзи Таваралӣ Зиёзода, омӯзгор ва муаррихи тоҷик, доктори илмҳои педагогика.
Соли 1953 – Мавлуди Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон.
Мирзошоҳрух Асрорӣ соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи шаҳри Тошкандтро бо ихтисоси журналист-сиёсатшинос хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро соли 1975 ҳамчун тарҷумон дар Афғонистон оғоз карда, солҳои 1980-1986 котиби кумитаи Иттифоқи ленинии коммунистии ҷавонони Иттиҳодӣ шуравӣ дар қисми низомӣ ва корманди масъули Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон будааст.
Асрорӣ аз соли 1986 то соли 1997 ҳамчун сармуҳаррир ва директори радиои Тоҷикистон, сармутахассиси Раёсати корҳои Шӯрои Вазирон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, сардори Раёсат, мушовир, роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ӯ соли 2003 сардори Идораи фарҳанги шаҳрдории Душанбе ва солҳои 2006 вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2013 дар ин мансаб буд.
Асрорӣ баъди аз вазирӣ барканор шуданаш, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид ва ҳоло муовини ин кумита аст.
Соли 1954 – Зодрӯзи Мақсуд Боқиев, муаррих, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1955 – Зодрӯзи Озодамоҳ Муҳтарамова, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Озодамоҳ Муҳтарамова ҳанӯз дар 13-солагиаш дар театри халқии ноҳияи Шӯробод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ҳамчун овозхон ба фаъолият оғоз мекунад. Ӯ дар ин театр аз Одина Ҳошим, ҳофизи саршиноси тоҷик нозукиҳои мусиқиро меомӯзад.
Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1973 дар Театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ ба фаъолият пардохт ва тӯли 27 сол, то соли 2000 он ҷо ҳунарнамоӣ кард. Солҳои 2000-2005 сарояндаи ансамбли этнографии назди раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва аз соли 2006 сарояндаи ансамбли этнографии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.
Ӯ беш аз сад суруд офаридааст, ки таронаҳои “Модар”, “Чашми тар”, “Тоҷикистон”, “Танҳоӣ”, “Шаби ҳиҷрон”, “Ошиқон”, “Эй дил”, “Сарви гуландом”, “Рози дил”, “Кӯзаро бишкаста” аз зумраи беҳтарин сурудаҳои ӯ мебошанд.
Озодамоҳ Муҳтарамова 8-уми апрели соли 2021 дар синни 66 даргузашт.
Соли 1962 – Зодрӯзи Нигина Обидова, пианинонавоз ва омӯзгори маъруфи тоҷик, духтари Ҷӯрахон Обидпур.
Соли 1964 – Зодрӯзи Насим Олимзода, вазири пешини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Насим Олимзода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буда, корномаи худро соли 1988 дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ҳамчун табиб-интерн оғоз намуда, баъдан дар ин беморхона ҳамчун духтури табобатӣ кор кардааст.
Ӯ тӯли солҳои 1999-2014 табиби дилшиноси Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, мудири бахши “Наҷот”-и Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустӣ, мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ кор кардааст.
Номбурда солҳои 2014-2017 муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон буд ва соли 2017 вазири ин ниҳод таъин гардида, то соли 2020 дар ин мансаб ифои вазифа кард.
Имрӯз роҳбари Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии гастроэнтерологияи Тоҷикистон аст.
Соли 1965 – Зодрӯзи Мурод Шукурзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ.
Соли 1998 – Мирзо Раҳматов, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистони шуравӣ дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.
Мирзо Раҳматов яке аз шахсиятҳои таъсиргузор дар сиёсату фарҳанги Тоҷикистон буда, солҳо дар вазифаҳои баланди роҳбарӣ фаъолият кардааст.
Ӯ сараввал дар Ғарм дар колхози “Зарбдор”-и ноҳияи Ғарм колхозчӣ буд ва баъдан мудири шуъбаи пионерони кумитаи комсомолии ноҳияи Ғарм ва котиби бюрои ташкилии Кумитаи марказии Комсомоли Тоҷикистон дар вилояти Ғарм таъин шуд.
Ӯ солҳои баъд мудири шуъбаи мактабҳои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, ҷонишини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони шуравӣ ва котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буд.
Мирзо Раҳматов соли 1956 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистони шуравӣ интихоб шуда, то соли 1963 дар ин вазифа фаъолият кард. Вай се соли баъдӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистони шуравӣ ва аз соли 1966 то соли 1972 сафири Иттиҳоди шуравӣ дар Ҷумҳурии Яман ва Мавритания буд.
Номбурда дар даъватҳои 4-6 вакили Шӯрои олии Иттиҳди Шӯравӣ ва Тоҷикистони шӯравӣ буд.
Мирзо Раҳматов 20-уми августир соли 1998 дар синни 84 аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 20-уми август ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии магас (World Mosquito Day) таҷлил карда мешавад. Ин сана ба ифтихори кашфиёти муҳими илмии Роналд Росс, табиб ва паразитологи машҳури бритониёӣ ҷорӣ шудааст.
Дар ҳамин рӯзи соли 1897 Роналд Росс собит намуд, ки интиқолдиҳандаи бемории марговари вабо магасҳои модаи насли Anopheles аст. Ин кашф барои тиб ва тамоми инсоният аҳамияти бузург дошт, зеро то он замон сабаби паҳншавии вабо дақиқ маълум набуд. Бо шарофати ин корномаи илмӣ роҳҳои нави мубориза бо беморӣ, аз ҷумла усулҳои пешгирӣ ва нобудсозии магасҳо ба роҳ монда шуд.
Соли 1984 дар Колумбия ҷашни хеле ғайриодӣ ба вуҷуд омад, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон бо номи Рӯзи ҷаҳонии танбалӣ (World Day of Laziness) шинохта мешавад.
Ин ҷашн ба хотири эътироз аз ҳаёти пуршитоб ва серизҳори ҷаҳони муосир таъсис ёфтааст. Ташаббускорони он бар он ақида буданд, ки инсонҳо дар миёни кору машғулиятҳои зиёд фаромӯш мекунанд, ки тановул ва истироҳат низ қисме аз ҳаёти солим аст.
Бо вуҷуди он ки Рӯзи ҷаҳонии танбалӣ мақоми расмии давлатӣ ё байналмилалӣ надорад, аммо хеле зуд миёни мардуми кишварҳои гуногун паҳн шуд. Ҳазорон нафар онро ба таври рамзӣ ҷашн мегиранд.
20-уми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии амалҳои зидди озмоишҳои ҳастаӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана 2-юми декабри соли 2009 бо қарори Маҷмаи Умумии СММ таъсис ёфт. Ҳадафи асосӣ таҳкими талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои қатъи комили озмоишҳои ҳастаӣ ва таъмини амнияти глобалӣ мебошад.
20-уми августи соли 1949 дар полигони Семипалатинск аввалин бомбаи атомии Иттиҳоди Шӯравӣ озмоиш карда шуд. Он нусхаи бомбаи плутонидии амрикоӣ буд, ки қаблан дар Нагасаки истифода шуда буд. Озмоиш бомуваффақият анҷом ёфт ва оғози давраи нави мусобиқаи силоҳҳои ҳастаиро асос гузошт.
20-уми августи соли 1885 Готлиб Даймлер, ихтироъкори олмонӣ патенти аввалин мотосиклро гирифт. Ӯ, ки қаблан ба сохтани муҳаррикҳои дарунсӯз машғул буд, бо Вилҳелм Майбах ширкати худро таъсис дод. Мотосикли нахустинро писараш Адолф сохт. Он 50 кг вазн дошта, муҳаррики яксилиндрӣ бо қувваи 0,5 қувваи асп ва чархҳои оҳанин дошт.
Имрӯз зодрӯзи Майкл Ҷексон, овозхон, раққос ва муаллифи сурудҳои маъруфи ҷаҳонӣ аст. Ӯ соли 1958 дар Амрико ба дунё омада, даз синни 5-солагӣ дар саҳна бо гурӯҳи оилавии “Jackson 5” ҳунарнамоӣ мекард.
Соли 1982 бо нашри албоми “Thriller”, ки зиёда аз 40 миллион нусха фурӯхта шуд, ба рамзи ҷаҳонии мусиқии поп табдил ёфт. Ин албом дар Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун серфурӯштарин албом сабт шудааст.
Ҷексон давоми фаъолияти эҷодӣ 19 ҷоизаи “Грэмми” гирифта, 13 маротиба сурудҳояш дар ҷойи аввали зинабандии фурӯш қарор доштаанд.
Майкл Ҷексон 25-уми июни соли 2009 дар шаҳри Лос-Анҷелес дар 50-солагӣ даргузашт.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 20 АВГУСТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 29+34º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 31+33º гарм.


