“Ҳар тонна сӯзишворӣ $1780”. Сафири Туркия гуфт, нархи сӯзишвории ҳавопаймо дар Душанбе гаронтарин дар ҷаҳон аст

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, “дар Душанбе дар ҳоли ҳозир гаронтарин сӯзишворӣ дар ҷаҳон фурӯхта мешавад”.

Ӯ мисол овард, ки ширкати ҳавопаймоии "Туркиш-Эйрлайнз" барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Душанбе 1780 доллар пардохт мекунад. Дар ҳоле ки ширкати "Сомон-Эйр" барои ҳамин миқдори сӯхт дар Истанбул танҳо 930 доллар мепардозад. 

Ин дипломат афзуд, барои арзон шудани нархи билети ҳавопаймо ба Душанбе қимати сӯзишвории он бояд поин оварда шавад. 

“Агар нархи сӯзишвории ҳавонавардӣ (авиатсионӣ) поин равад, нархи билетҳои ҳавопаймо низ поин хоҳад рафт”, – гуфтааст ӯ.

Сафири Туркия дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки ширкати ҳавопаймоии "Туркиш-Эйрлайнз" аз моҳи августи соли ҷорӣ парвозҳо миёни Истанбул ва Душанберо ба 5 адад дар як ҳафта расонд.

Ӯ бе он ки омори дақиқе пешниҳод кунад, гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон “нархи хидматрасонии мухталиф”-ро дар фурудгоҳи Душанбе поин бурданд, ки ин қимати билетро “каме арзонтар кардаааст”. Аммо, ба қавли сафир, боз ҳам арзонтар кардани қимати билет “коҳиши нархи сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанберо тақозо мекунад”.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин гуфтаҳои сафири Туркия дар Душанбе вокунише нишон надодаанд.

Сӯхти ҳавонавардиро дар Тоҷикистон ҳоло танҳо як ширкат – ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” таъмин мекунад, ки ба воридот ва фурӯши ин навъи сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои кишвар машғул аст. Ин ширкат қаблан як сабаби гаронии сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистонро ба воридотӣ будани он рабт дода буд.

Ин аст, ки мақомот дар посух ба шикояти мусофирон дар робита ба гаронии нархи билет ҳам мегӯянд, "қимати маводи сӯхти ҳавопаймо" баланд аст. 

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш, Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии кишвар ваъда дода буд, ки нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон "моҳҳои наздик" арзон мешавад. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки билетҳо кай арзон хоҳанд шуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...