Бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба истифода дода шуд

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 21-уми август бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ,  шаҳрдори Душанбе ширкат доштаанд.

Дар ин бора саҳифаи телеграми Рустами Эмомалӣ иттилоъ дод.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳур менависад, ки донишкада "бо маблағгузорӣ аз Фонди захиравии Президенти  Тоҷикистон ва дастгирии соҳибкорони саховатпешаи кишвар…" бунёд ёфта, яке аз марказҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар ба ҳисоб меравад. Он барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

"Иншоот дар майдони зиёда аз ду гектар қомат афрохта, аз 7 бинои 6 ва 8 ошёна иборат аст. Масоҳати биноҳо 46 ҳазору 816 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо риояи талаботи муосири соҳавӣ ва ороиши зебои тоҷикӣ анҷом ёфтааст. Дар ин иншоот маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ ҷойгир аст", – менависад ҳадамот.

Манбаъ менависад, ки дар ошёнаҳои болоии донишкада китобхонаи электронӣ, толори тестӣ, толори варзишӣ бо 168 ҷойи нишаст ва ду ҳуҷраи тиббӣ ҷой дода шудаанд. Нуқтаи тиббӣ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 кас хизмати тиббӣ расонад.

Дар донишкада, ҳамзамон хобгоҳ барои 520 донишҷӯ омода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, бо осорхонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон шинос шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар осорхона таърихи ғании ислом дар сарзамини тоҷикон, нақши илмии устодону олимони бузурги миллати тоҷик ва саҳми онҳо дар рушди тамаддуни исломӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.

Ҳамчунин, дар осорхона нусхаҳои нодири дастнависҳо, китобҳои таърихӣ ва осори хаттии олимони машҳури тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд. Фонди осорхона, инчунин, дорои ашёву ёдгориҳои таърихиест, ки аз осори меъморӣ ва фарҳанги мусулмонии тоҷикон шаҳодат медиҳанд.

Дар ин миён нусхаҳои нодири Қуръони карим, сангнавиштаҳо, лавҳаҳои хаттотӣ ва ашёи дигари таърихӣ ҷой дода шудаанд.

Қаблан, Нусратулло Зокирзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон  гуфта буд, “онҳо тақрибан як моҳ пас ба бинои нав мекӯчанд ва донишҷӯёни Донишкадаи исломӣ дар соли таҳсили нави 2025-2026 дар бинои нав таҳсил мекунанд”.

Вале то ҳол маълум нест, ки бинои куҳнаи донишкада  тахриб мешавад ё не. Ҳамчунин, фарзияҳое буд, ки баъди кӯчидани донишкада ба бинои нав, он ба донишгоҳ табдил меёбад. Вале роҳбарияти ин донишгоҳ гуфта буданд, дар ин бора низ иттилоъе надоранд.

Бинои нави Донишкадаи исломӣ дар кӯчаи Низоми Ганҷавии ноҳияи Синои пойтахт, дар шафати масҷиди калонтарини кишвар ҷойгир аст. Қаблан гуфта мешуд, ки барои бунёди бинои нави донишкада 136 миллион сомонӣ харҷ мешавад.

Бояд гуфт, тибқи ҳисоботи Маркази миллии тестӣ, имсол 210 нафар ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон дохил шудаанд. Нақшаи қабули донишкада бошад, 227 донишҷӯ буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...