Дар Бохтар ширкатҳои сохтмонӣ муваззаф шуданд, аз бинои навсохти худ як ҳуҷра ба ҳукумати шаҳр “туҳфа” кунанд

Дар шаҳри Бохтар ширкатҳои хонасоз муваззаф шудаанд, ки аз бинои сохтаашон як ҳуҷраи онро   ба ҳукумати ин шаҳр супоранд. Минбаъд танҳо бо ҳамин шарт ба ширкатҳо иҷозаи сохтмони баландошёнаҳо  дода мешавад. Дар ин бора қарори Маҷлиси вакилони шаҳри Бохтар қабул шудааст ва он ба ширкатҳое дахл дорад, ки иҷозаи бунёди биноҳои аз 5 ошёна […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар шаҳри Бохтар ширкатҳои хонасоз муваззаф шудаанд, ки аз бинои сохтаашон як ҳуҷраи онро   ба ҳукумати ин шаҳр супоранд. Минбаъд танҳо бо ҳамин шарт ба ширкатҳо иҷозаи сохтмони баландошёнаҳо  дода мешавад.

Дар ин бора қарори Маҷлиси вакилони шаҳри Бохтар қабул шудааст ва он ба ширкатҳое дахл дорад, ки иҷозаи бунёди биноҳои аз 5 ошёна болоро мегиранд.

Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин иқдом “ба хотири таъмини хидматчиёни давлатӣ, шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва ятимони кул” ба хона гирифта шуда, дар оянда ин хонаҳо тибқи эҳтиёҷ ба онҳо супорида мешавад.

Як манбаъ аз шаҳрдории Бохтар ба “Азия-Плюс” гуфт, ин уҳдадорӣ ба он ширкатҳое, ки солҳои пеш иҷозаи бунёди баландошёнаҳоро гирифтаанд, дахл надорад.

“Он ширкатҳое, ки баъди ба имзо расидани қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳр қитъаи замин ва иҷозаи сохтмон гирифтаанд, дар шартномаҳояшон ин уҳдадори дарҷ гардидааст”, – афзуд ӯ.

Қарори маҷлиси вакилони шаҳр моҳи марти соли 2024 қабул шудааст. Аз ҳукумати шаҳр гуфтанд, қарор аз рӯзи қабул ба ҳукми амал даромад.

Қаблан, дар дигар шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла пойтахт низ соҳибкорон 10% хонаҳои сохтаашонро ба ҳукумати шаҳр месупориданд. Яъне аз як бино, ки аз 80 хона иборат аст, 8 тои онро ба ҳукумат месупориданд.

Вале дар соли 2020 Маҳмадсаид Зувайдзода, ки он замон муовини аввали шаҳрдори Душанбе буд, гуфта буд, ки дигар соҳибкорон ба онҳо хона намедиҳанд ва “агар ба ягон кас туҳфа карданӣ шавем, мо аз ҳисоби худамон мехарем”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе соҳибкорон қаблан шикоят карда буданд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ онҳоро барои сохтмони ягон иншоот маҷбур мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.