Қирғизистон ба сохтмони хонаҳо барои сокинони минтақаҳои ивазшуда бо Тоҷикистон оғоз кард

Date:

Ҷониби Қирғизистон ба сохтмони хонаҳо барои сокинони минтақаҳои ивазшуда бо Тоҷикистон оғоз кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Turmush”-и Қирғизистон иттилоъ додааст.

Манбаъ гуфтааст, ки аз ҷумла дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд 76 хона бунёд мешавад, ки то имрӯз сохтмони 50–60% хонаҳо ба анҷом расида, бунёди хонаҳои дигар идома дорад.

“Ҳоло сохтмони 60 хона дар деҳаи Раззоқови ҷамоати деҳоти Кулунду ва 16 хона дар деҳаи Мақсад ҷараён дорад. Тақрибан 200 коргар дар сохтмонҳо кор мекунанд. Барои сокинони баъзе ҳудудҳои ивазшуда, дар ноҳияи Лайлак 76 хонаи истиқоматӣ бунёд мешавад. Ба онҳо сокинони деҳаҳои Мақсад, Сада, Раззоқов ва Селкан кӯчонида мешаванд”, – навиштааст ин расона.

Ба иттилои манбаъ, танҳо дар ноҳияҳои Лайлак ва Ботканд бунёди 257 хона дар доираи ивази ҳудудҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора изҳороте нашр накардааст. Маълум нест, ки дар ҳудудҳои ивазшудаи Тоҷикистон бо Қирғизистон барои сокинони наздимарзӣ чанд хона бунёд мешавад ва оё сохтмони хонаҳо оғоз шудааст ё не.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Бояд гуфт, Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон моҳи феврали имсол дар ҷаласаи парлумони ин кишвар (Жогорку Кенеш) дар шарҳи ҷузъиёти созишномаи муайян кардани марз гуфта буд, ки Тоҷикистон дар ноҳияҳои сарҳадии Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров, 21 га замин дар Сада, 23,5 га дар Раззоқов, 4 га дар Селкан, 7 га дар Майти, 12,5 га дар Пролетарск, 15 га дар Улақ-Ҷой, 7 га дар Оқ-Ариқ ва 65 га дар Қарабоғро гирифт.

Илова бар ин, ба ҷойи бурунбум ё анклави қирғизии Қайрағоч, 35 га замин аз қитъаи Майт ба Тоҷикистон дода шуд, ки ҳамагӣ 190 га аст.

Дар навбати худ, Қирғизистон дар ноҳияи Лайлаки ҳамсарҳад бо ин ноҳияҳо 155 га аз қитъаи Қайрағаш ва 35 га замини анклави қирғизии Қайрағашро, ки дар дохили ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дошт, гирифт.

Ҳамчунин Тоҷикистон ҳуқуқи истифодаи шоҳроҳи "Хуҷанд-Конибодом-Исфара" ва бозори "Дӯстӣ" (Арка)-ро, ки дар паҳлӯи ин роҳ ҷойгир аст, ба даст овард. Масоҳати умумии он 12 га-ро ташкил медиҳад.

Дар иваз, Қирғизистон 25 га замини кишоварзӣ дар минтақаи Лаккони ноҳияи Исфараро гирифт.

Тафсилоти созишномаи марзиро дар бораи он ки тарафҳо кадом қитъаҳоро иваз карданд, дар ин пайванд мутолиа кунед. 

Бояд гуфт, созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 13-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, роҳбарони ду кишвар дар Бишкек ба имзо расид. Он ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистонва Қирғизистон хотима бахшид ва аз 1006 км сарҳади умумӣ ҷонибҳо сари муайян кардани 486 км қаламрави баҳснок ба мувофиқа расиданд.

Ёдрас мешавем, ки ҷониби Қирғизистон ҳафтае пеш аз оғози насби симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон хабар дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...