“Фарзанди Бухоро – родмарди Хуросон”. Ба муносибати 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ филм сабт шуд

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Ба истиқболи 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, донишманди саршинос ва яке аз пешгомони ҳаракати равшанфикриву худшиносии миллии тоҷик филми мустанад сабт шуд. Ин филм “Фарзанди Бухоро – родмарди Хуросон” ном гирифта, чанд рӯз пештар манзури ҳамагон гардид.

Мустанад ҳудуди 45 дақиқа давом карда, дар мавриди ҳаёту эҷодиёт, шебу фарози зиндагӣ, ҷасорат дар баёни мушкилот ва масоили миллӣ ва таъкиди Шакурӣ ба бунёди давлати миллӣ қисса мекунад.

Далер Шариф, рӯзноманигори тоҷик ва муаллифи лоиҳаи “Китобхон”, ки масъулияти таҳияи ин филмро ба зимма гирифтааст, ба “Азия Плюс” дар бораи ҳадафи аслӣ ва паёмҳои филм нақл кард.

 

Филм чаро ва чӣ гуна омода шуд?

Ҳадафи асосии таҳияи филмро Далер Шариф “шиносондани афкор, андеша ва осор”-и Шакурӣ ба мардум баён кард. Ӯ гуфт, дар пайи омӯзиш ва мутолиаи осору афкори ин академик солҳо боз нияти сохтани чунин филмро дошт.

“Соли 2009, вақте дар телевизиони “Сафина” кор мекардам, хостам Муҳаммадҷон Шакуриро ба барнома даъват кунам, аммо ин иҷозаро бароям надоданд ва гуфтанд, таблиғи афкори ӯ дар телевизионҳои давлатӣ феълан мамнуъ аст”, – зикр кард Далер Шариф.

Ӯ мегӯяд, бо гузашти чанд сол, вақте дар бораи асари “Пантуркизм ва сарнавишти миллати тоҷик” навори кӯтоҳе таҳия карда, шакли электронии китобро дар сомонаи “Китобхон” гузошт, танҳо дар се рӯз беш аз 5 ҳазор нафар онро боргирӣ карданд. Баъди ин, дарк кардааст, ки ҷомеа ташнаи андеша ва афкори донишманде чун Шакурӣ аст ва ин ӯро ба таҳияи филми мустанад бештар ангеза додааст.

Бар асоси маълумоти расмӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ 30-юми октябри соли 1926 дар шаҳри Бухоро зода шудааст, аммо бинобар гуфтаи худи устод, ӯ моҳи феврали соли 1925 таваллуд шудааст. Бо такя бар ин гуфтаи Шакурӣ, имсол 100 сол аз ба дунё омаданашон мегузарад.

Далер Шариф таъкид мекунад, ки бо таблиғи осору афкори чунин шахсиятҳо талош дорад дар бедорӣ ва огоҳии ҷомеа барои шинохти забону фарҳанг ва андешаи миллӣ саҳм гузорад.

“Ҳоло мебинем, баъзе нафароне таблиғ ва тамҷид мешаванд, ки аслан кори назаррасе анҷом надодаанд. Ҳатто баъзеҳоеро мебинед, ки барояшон унвони шоиру нависандаи халқӣ додаанд, аммо осорашон дар қиёс бо осори Шакурӣ ҳеҷ арзише надорад. Асарҳои навиштаи устод Шакурӣ ганҷинае дар таъриху адабиёти миллат аст. Як далели бузургии устод ин аст, ки ӯ дар ҷамъияти 90-миллионаи Эрон, ки садҳо нухбагону донишмандон дорад, соли 2005 “Чеҳраи мондагор” эълон шуд”, – изҳор дошт Далер Шариф.

Ба гуфтаи ӯ, чизи дигаре, ки ба омода кардани ин мустанад водор кард, ин буд, ки вақте ҳаёти Шакуриро ба баррасӣ гирифт, бештар дарк кард, ки чӣ қадар олими муъмин, покизакор ва дилсӯз ба халқаш аст.

 

Мушкилот дар таҳияи филм ва истиқболи он аз сӯи ҷомеа

Далер Шариф мегӯяд, бовар надошт, ки ба таҳияи ин филм муваффақ мешавад. Зеро мушкилоти набуди маблағ, утоқи корӣ ва дастгоҳҳои наворбардориву танзим вуҷуд дошт. Аз ин лиҳоз, як бахши филм бо телефон сабт шудааст.

“Филмро мо ҳамроҳ бо Исматуллоҳи Абдуллоҳ, рӯзноманигор ва танзимгари дигари тоҷик, дар қаҳвахонаҳои Душанбе танзиму бастубанд кардем, чун дигар ҷое надоштем. Аз тарафи дигар, ба мо вазъи бади интернет халал ворид мекард. Барои боргирӣ ва ҷустуҷӯи ягон мавод мушкил пеш меомад. Навор ҳам, ки дар бораи устод Шакурӣ кам буд, барои мо душвориро зам карда буд”, – мегӯяд ӯ.

Мушкили дигаре, ки дар рафти таҳияи филм рӯ ба рӯ шудаанд, ёфтани мусоҳибону нафароне будааст, ки аз устод Шакурӣ шинохт доштаанд.

“Мо ба ҷуз мусоҳибони филм, ки сипосгузорем аз онҳо, ба афроди зиёде, аз ҷумла, шогирдони устод барои суҳбат муроҷиат карда будем, вале розӣ нашуданд. Ҳачанд пас аз нашри филм баъзеи онҳо афсӯс хӯрданд, ки иштирок накарданд ё нафароне шиква карданд, ки онҳоро даъват накардем”, – мегӯяд ӯ.

Ӯ мегӯяд, бо дастони холӣ ва дар майдони холӣ корро шуруъ карда, ба анҷом расониданд ва ҳоло даъвои филми мустанад будани кори худро надоранд, мардум онро ҳамчун филми мустанад қабул кард.

Ӯ таъкид мекунад, ки филм аз сӯйи ҷомеа истиқбол шуда, баъди нашр мардуми оддӣ, шахсиятҳои илму фарҳанг ва мансабдорон барояш таҳсин гуфтаанд.

“Воқеан, интизори чунин истиқбол набудем. Фикр мекардем, ки шояд баъзеҳо ба хотири зинда кардани номи устод ва ба майдон овардани андешаву афкори интиқод кунанд”, – гуфт ӯ.

Баъди ин, Далер Шариф қасд дорад, ба таҳияи чунин филмҳо идома диҳад, аммо таъкид мекунад, ки имконияти васеъ надоранд.

“Таҳияи мустанадҳо дар бораи шахсиятҳои миллиямон дар шаклгирии афкори миллӣ кумак мекунад. Агар мо ҳар чӣ зудтар фазои шабакаҳои иҷтимоиямонро бо муҳтавои миллӣ пур накунем, бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳем шуд. Зеро онро муҳтавои бегона ва омиёна, ки ба ахлоқу андешаи ҷомеа таъсири манфӣ дорад, пур мекунад. Мо хоҳиш ва зарфият дорем, ки ба таҳияи чунин филмҳо идома диҳем, аммо имконияти молиямон ҳам маҳдум аст”, -мегӯяд ӯ.

 

Чаро бояд ин филмро тамошо кард?

“Ин филм шояд боис шавад, ки нафарони зиёде ба суроғи китоб ва андешаҳои устод раванд, то бо хондани онҳо огоҳтар шаванд. Ҳар ки огоҳтар шуд, бедортар мешавад, бедортар, ки шуд, тағйироту дигаргунӣ дар зиндагӣ ва ҷомеа ба вуҷуд меорад. Ҳадди ақал онҳое, ки бисёр танбаланд ва ё имкони мутолиаи китобу мақолаҳоро надоранд, аз тариқи ин гуна барномаву филмҳо имкон доранд бинанд, ки шахсиятҳое мисли Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ барои забон, таърих, фарҳанг, андешаи миллӣ, афкори миллӣ ва мактаби миллӣ чӣ гуфтаанду чӣ кардаанд ва ба куҷоҳо расидаанд. Дар умум, як навъ хулосаи афкору андешаи устод Шакуриро аз тариқи филм метавонанд бинанду фаҳманд”, – мегӯяд Далер Шариф.

Дар ин матлаби “Азия-Плюс” ба баъзе паҳлӯҳои норӯшани оғози ҳаёти академик Шакурӣ шинос шавед: Шахсиятсозии Шакурӣ: аз бекасӣ дар ҳавлиҳои Бухоро то рӯшангарии миллӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...