Дар як соли охир аҳолии Тоҷикистон қариб 100 ҳазор зиёд шудааст

То 1-уми июли соли 2025 теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо дарназардошти сабти таваллуд, фавтида ва муҳоҷират ба 10 млн 603,8 ҳазор нафар расидааст. Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (10 млн 505,9 ҳазор) 98,9 ҳазор нафар ё 2,1% зиёд мебошад. Теъдоди аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар то оғози нимсолаи аввали […]

То 1-уми июли соли 2025 теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо дарназардошти сабти таваллуд, фавтида ва муҳоҷират ба 10 млн 603,8 ҳазор нафар расидааст.

Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (10 млн 505,9 ҳазор) 98,9 ҳазор нафар ё 2,1% зиёд мебошад.

Теъдоди аҳолӣ дар минтақаҳои кишвар то оғози нимсолаи аввали соли равон тариқи зайл аст:

– вилояти Хатлон – 3 млн. 830 ҳазор нафар;

– вилояти Суғд – 2 млн. 987,4 ҳазор нафар;

– ноҳияҳои тобеи марказ – 2 млн. 272,6 ҳазор нафар;

– шаҳри Душанбе – 1 млн. 278, 2 ҳазор нафар;

– ВМКБ – 235,6 ҳазор нафар.

Тибқи иттилои расмӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 117 ҳазору 932 кӯдак таваллуд шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта (114 ҳазору 627) 3 ҳазору 305 тифл зиёд будааст.

Ҳамчунин, дар ин давра 17 ҳазору 387 нафар дар Тоҷикистон фавтидааст, ки дар муқоиса ба нимаи якуми соли гузашта (16 ҳазору 778 фвт) 609 фавт бештар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.