Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ 23 АВГУСТ

– Имрӯз соати 18:00 дар Кохи Суруши пойтахт нахустнамоиши филми “Блогер” баргузор мегардад. Филм дар киностудияи “Довфилм” дар коргардонии Зариф Зарипов омода шуда, таҳиягарони он Муҳиддини Музаффар ва Амир Турсунов ҳастанд.

Вуруд тариқи даъватнома ё билет ба роҳ монда шудааст. Ҳаводорони филм барои дастрас кардани билет метавонанд ба рақамоҳои 55 911 11 44 тамос гиранд.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ дирӯз, 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

– Дар “Кохи Лоиқ”-и шаҳри Панҷакент нахустин намоишгоҳи "Сӯзанӣ”  идома дорад. Он 21 август ифтитоҳ шуда, то 24 август идома мекунад. Сокинону меҳмонон метавонанд аз соати 9:00 то 19:00 аз намоишгоҳ боздид кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сӯзании Панҷакент

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 АВГУСТ

Соли 2001 – Лоиҳаи Қонуни “Дар бораи авфу бахшиши умумӣ” тасдиқ шуд, ки тибқи он 19 ҳазор нафар аз зиндону боздоштгоҳҳо ва таъқиби ҷиноятӣ озод шуданд.

Соли 2010 – Аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе 25 маҳбус фирор карданд, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд. Бо гузашти бештар аз як сол ҳамаи фирориён боздошт ё кушта шуданд.

Соли 2010 – Дар ҷануби Душанбе, наздикии пойгоҳи низомии 201-уми Русия кӯшиши амали террористӣ пешгирӣ гардид.

Соли 2019 – Лоиҳаи муосирсозии Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” оғоз ёфт.

Соли 2019 – Дар мавзеи шаҳри қадимии Карони Дарвоз таҳқиқотгарон расадхонае пайдо кардаанд, ки эҳтимол,  то асри 15-и мелодӣ фаъолият мекардааст.

Соли 2020 – Ҳизби демократи Тоҷикистон номзадии Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини ин ҳизб ва собиқ вакили порлумонро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешниҳод кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидҷаъфар Усмонзода

Усмонзода моҳи июли соли 2024 боздошт гардид ва моҳи феврали имсол барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият бо истифода аз мақоми хизматӣ, хиёнат ба давлат, барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ…, ҳамчунин қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, ба 27 сол зиндон маҳкум гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1929 – Мавлуди Одил Назаров, оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Одил Назаров

Одил Назаров хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод буда, ҳанӯзаз замони таҳсил дар Театри драмаи мусиқии Ленинобод ба сифати навозандаи оркестр кор мекард.

Баъдан 10 сол, солҳои 1957-1967 дирижёр ва сардирижёри оркестр буд.

Одил Назаров 20 сол, то соли 1987 роҳбари Театри драмаи мусиқии Ленинобод буд. Ӯ ҳамчунин дар Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод ба донишҷӯён дарс мегуфт.

Назаров муаллифи сурудҳои “Мутрибон”, “Ба доди дил бирас” буда, мусиқии песаҳои “Ғуломи сиёҳ”, “Шаҳло”, “Исёни арӯсон”-ро ӯ навиштааст.

Ӯ 13-уми майи соли 2003 дар 73 солагӣ даргузашт.

Соли 1954 – Зодрӯзи Валерий Турсунов, футболбозшинохтаи тоҷик ва устоди варзиши Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Валерий Турсунов

Ин ҳамлагари маъруфи дастаи “Помир” тамоми фаъолияти худро солҳои 1974-1988 дар мусобиқоти Иттиҳоди Шӯравӣ миёни дастаҳои лигаи якум дар ҳайати “Помир” (Душанбе) гузаронидааст. Дар 542 бозӣ 173 гол задааст.

Вай инчунин дар бошгоҳҳои Австрия «Аустрия» ва «Клопейнерзее» ҳунарнамоӣ кардааст.

Давоми солҳои 1996-2013 бо танаффус дар вазифаи ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ Устоди варзиши ИҶШС (1982) ва мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989) мебошад.

Соли 1962 – Мавлуди Парда Ҳабиб, нависанда, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Парда Ҳабиб

Парда Ҳабиб хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе буда, фаъолияти худро дар маҷаллаи “Машъал” оғоз намудааст. Баъдан муддате ба омӯзгорӣ пардохта, соли 1987 ба Радиои Тоҷикистон омад.

Ӯ беш аз 10 сол хабарнигор, шореҳи сиёсӣ, мудири шуъба ва муовини аввали сармуҳаррири “Садои мардум” буд. Ҳамчунин як муддат ҳамчун сармуҳаррири нашрияи “Набзи Тоҷикматлубот” ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” фаъолият кард.

Аввалин китоби ӯ “Қаламчаи ток” ном дошта, ашъори минбаъдааш дар маҷмуаҳои “Шеъри оштӣ”, “Пораи вақт”, “Риштаи нур”, “Сояи сафед” ба дасти хонандагон расидаанд.

Парда Ҳабиб барои китоби шеърҳои “Риштаи нур” соли 2009 сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Соли 2009 – Шоҳмузаффар Ёдгорӣ адиб ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик дар синни 69 даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шоҳмузаффар Ёдгорӣ

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ яке аз собиқадорони журналистикаи тоҷик буда, солҳо дар нашрияҳои кишвар дар мақомҳои роҳбларикунанда фаъолият кардааст.

Ӯ фаъолияти худро дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” оғоз намуда, аз соли 1980 дар бахши тарғибу ташвиқи адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ кор кардааст.

Шоҳмузафар Ёдгорӣ то охири соли 1990 муҳаррири рӯзномаи ҳизбии вилояти Кӯлоб – “Роҳи Ленинӣ” ва то соли 1995 раисии шуъбаи Кӯлоби Иттифоқи нависандагонро бар зимма дошт.

Вай баъди солҳои 90-ум муддате сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ буд.

Ба қалами Ёдгорӣ чанд маҷмӯаи ашъор ва қиссаву ҳикояҳо тааллуқ дорад. Аз ҷумла, маҷмӯаҳои ӯ бо номҳои “Як шохаи гул”, “Даргоҳи деҳқон”, “Симои халқ”, “Ҳар тори мӯйи вафоям” ва романи “Васваса” дар солҳои гуногун аз чоп баромадаанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 23-юми август ҳамчун Рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои фашистӣ дар Ҷанги Курск (1943) ҷашн гирифта мешавад. Ҷанги Курск, ки аз 5-уми июл то 23-юми августи соли 1943 идома кард, нақши ҳалкунанда дар шикасти Олмони фашистӣ ва тағйирёбии ҷараёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бозид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

12-уми июл дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Прохоровка (56 км шимолтар аз Белгород) бузургтарин набард бо истифодаи танкҳо дар тамоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сурат гирифт. Дар ин ҷанг Олмон тақрибан 10 ҳазор сарбоз ва 400 танкро аз даст дод ва маҷбур шуд ба мудофиа гузарад.

23-юми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва аз байн бурдани он таҷлил мешавад.

Ин сана бо тавсияи ҷаласаи 150-уми Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО соли 1998 муқаррар гардидааст. Ин рӯз ба шӯриши ғуломон дар Сан-Доминго ва Ҳаитӣ (1791), ки ба оғози раванди барҳамдиҳии ғуломдорӣ замина гузошт, иртибот дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

23-юми августи соли 1913 дар Копенгаген пайкараи маъруфи “Русалочка” ифтитоҳ ёфт. Муаллифи он ҳайкалтарош Эдвард Эриксен буд. Чеҳра аз балерина Эллен Прайс гирифта шуда буд.

Карл Якобсен ин ҳайкалро ба шаҳри Копенгаген туҳфа кард ва аз ҳамон вақт он ба яке аз рамзҳои пойтахти Дания табдил ёфт. Баландии ҳайкал 1 метру 25 сантиметр ва вазнаш тақрибан 175 кг мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 34+36º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...