“20 ҳазор сомонӣ пора талаб намуд”. Оҷонсии зидди фасод муовини раиси ноҳияи Шаҳринавро ба порагирӣ муттаҳам кард

Аслиддин Ҳамдамзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав ва вакили маҳаллӣ аз ҷониби Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба гирифтани 20 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам гардид. Хабари ошкор шудани ҳолати гирифтани пора аз тарафи муовини раиси ноҳияи Шаҳринав дирӯз, 22-уми август, дар сомонаи расмии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нашр шуд. […]

Аслиддин Ҳамдамзода, муовини раиси ноҳияи Шаҳринав ва вакили маҳаллӣ аз ҷониби Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба гирифтани 20 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам гардид.

Хабари ошкор шудани ҳолати гирифтани пора аз тарафи муовини раиси ноҳияи Шаҳринав дирӯз, 22-уми август, дар сомонаи расмии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нашр шуд.

Ин Оҷонсӣ нисбати Аслиддин Ҳамдамзода бо қисми 3-и моддаи 319-и  (қисми 3) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, баъди тасдиқи фикри айборкунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст. Ин банди қонун аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аммо дар мавриди қарори додгоҳ хабар дода намешавад. Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон ҳам дар ин бора иттилое нашр накардаанд.

Назари худи Аслиддин Ҳамдамзода, пайвандонаш ва ё вакили дифои ӯ дастрас нест.

Дар хабари Оҷонсӣ зикр мешавад, ки тибқи тафтиши пешакӣ, Аслиддин Ҳамдамзода, вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав, аз 15-уми майи соли 2023 то инҷониб дар мансаби муовини раиси ноҳияи Шаҳринав оид ба соҳаи кишоварзӣ кор карда, даст ба ҷиноят задааст.

“Ҳамдамзода А.Ш. ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, моҳи апрели соли 2025 зимни муроҷиати расмии шаҳрванд М.Б.П. оиди ҷудо кардани 118,85 га қитъаи замини чарогоҳ аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол ва Сабои ноҳияи Шаҳринав, ки номбурда вобаста ба мавқеи мансабиаш ҳамчун раиси комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳҳои ноҳияи Шаҳринав барои иҷрои амали мазкур мусоидат карда метавонист, барои иҷрои амали болозикр аз шаҳрванд М.Б.П. маблағи 20 000 сомониро ба сифати пора талаб намуд”, – зикр мешавад дар хабари Оҷонсӣ.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки “Ҳамдамзода А.Ш. баҳри амалӣ шудани нақшаи ҷиноятпешаи худ давоми моҳи майи соли 2025 дар ду ҳолат аз шаҳрванд М.Б.П. маблағи 20 000 сомониро ба сифати пора гирифта, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд”.

Бештар аз ин тафсилот дода намешавад.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти мақомдорони давлатӣ бо ҷумри порахӯрӣ иттилоъ медиҳанд. Чанде пеш раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, ки Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва чанде аз зердастони собиқаш бо гумони тасарруфи 1 млрд 245 млн сомонӣ маблағи фурудгоҳ тавассути “ширкатҳои якрӯза” боздошт шудаанд. Парвандаи онҳо ҳоло тафтиш мешавад.

Аз ин пештар, додгоҳе дар шаҳри Хуҷанд Аюб Усмонзода, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба гирифтани пора дар ҳаҷми калон ё қисми 4-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор карда, ба 7 соли зиндон равона намуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.