Тасарруфи 1,2 млрд сомонӣ. Оҷонсии зиддифасод ҷузъиёти парвандаи Исматулло Абдуллозодаро шарҳ дод

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва чанде аз зердастони собиқаш ба тасарруфи 1 млрд 245 млн сомонӣ маблағи фурудгоҳ тавассути "ширкатҳои якрӯза" гумонбар  мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо худи Абдуллозода ба тасарруфи 961 млн сомонӣ ё муодили 100 млн доллар гумонбар буда, ҳоло дар боздошт аст. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди […]

Asia-Plus

Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва чанде аз зердастони собиқаш ба тасарруфи 1 млрд 245 млн сомонӣ маблағи фурудгоҳ тавассути "ширкатҳои якрӯза" гумонбар  мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо худи Абдуллозода ба тасарруфи 961 млн сомонӣ ё муодили 100 млн доллар гумонбар буда, ҳоло дар боздошт аст.

Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар нишасти матбуотии имрӯза, 8-уми август хабар дод.

Номбурда гуфт, дар доираи ин парванда дар маҷмуъ, нисбати 22 нафар аз ҷумла, Исматулло Абдуллозода, директори фурудгоҳ, Аслиддин Маликзода, муовини директор, Давлатов (номи дигаронро зикр накард), сардори хадамоти таъминот ва хидматрасонии фурудгоҳ, Холов, мудири анбор, Исматуллозода, сармуҳосиб, Ҷураев, хазинадори фурудгоҳ, инчунин роҳбарони намояндагони ширкатҳои молрасон парвандаи ҷиноятӣ боз шудаааст.

Сулаймон Султонзода гуфт, нисбати онҳо бо моддаи 245 қисми 4 банди б (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340 қисми 2 бандҳои а, б (сохтакории такрории ҳуҷҷатҳотакрорӣ бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи одамон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии парванда идома дорад. Моддаи аввал аз пардохти ҷарима то шаш сол зиндон ва моддаи дуввум аз панҷ то ҳафт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, онҳо ба “нақдикунанонӣ ва тасарруфи маблағҳои ҷамъият бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводҳои зарурӣ” гумонбар мешаванд.

“Аз ҷониби масъулини ҷамъият тавассути истифодаи ширкатҳои якрӯза нақдикунанонӣ ва тасарруфи маблағҳои ҷамъият бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводҳои зарурӣ дар ҳаҷми 1 млрд 245 млн сомонӣ ошкор карда шудааст”, – гуфт директори Оҷонсии зиддифасод.

Аз ин ниҳод гуфтанд, тафтиши молиявии ин ниҳод фаъолияти 4 соли охир (2022-2025)-и фурудгоҳро дар бар гирифт.

Султонзода гуфт, то имрӯз аз маблағҳои тасарруфшуда 281 млн сомонӣ ба буҷети давлат бақарор шуда, “ҷиҳати барқарор кардани маблағҳои боқимондаи зарар чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст”.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Исматулло Абдуллозода ҳамроҳи муовинонаш бо сабаби "ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон зимни санҷиши молиявӣ" аз вазифа озод гардиданд.

Ба ҷои Абдуллозода, ки аз соли 2016 директори фурудугоҳ буд, Зайнулло Шарифзода роҳбари нави ин ниҳод таъин гардид. Шарифзода то ин дам директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон кор мекард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.