Дар пайи марги тифли 2-сола дар кӯдакистон нисбати 5 тан, аз ҷумла ду корманди Вазорати маориф парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст

Дар пайи марги кӯдаки 2-сола дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе нисбати 5 нафар – аз ҷумла ду корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот дар шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ба муассисаҳои томактабӣ кор мекардаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин нуктаро Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кули кишвар имрӯз, 8-уми август зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Марги кӯдаки 2-сола […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи марги кӯдаки 2-сола дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе нисбати 5 нафар – аз ҷумла ду корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки ба гуфтаи мақомот дар шуъбаи иҷозатномадиҳӣ ба муассисаҳои томактабӣ кор мекардаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ин нуктаро Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кули кишвар имрӯз, 8-уми август зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Марги кӯдаки 2-сола дар моҳи майи соли ҷорӣ дар кӯдакистони хусусии “Саволу Ҷавоб” (Почемучка)-и пойтахт дар пайи аз панҷараи ошёнаи дуюми рахти хоб овезон шудан, баҳси тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Додситони кул дар шарҳи қазияи мазкур гуфт, ки “марги кӯдак дар кӯдакистон боиси ташвиши ҷомеа гардид” ва ин ҳолатҳо “беназорат нахоҳад монд”.

“Нисбати ёрдамчии мурабия, шахсе, ки бевосита мутасаддӣ буд, ки дар соатҳои даркорӣ дар назди кӯдак бошад ва аз ҳоли онҳо бохабар бошад, мудири кӯдакистони хусусӣ, ду нафар кормандони Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки дар онҷо шуъбаи махсуси иҷозатномадиҳӣ ба муассисаҳои томактабӣ барои вазифаҳои худро дуруст анҷом надодан щамчунин, нисбати духтури санҷиши санитарию-эпидемиологӣ, ки онҳо низ чунин кӯдакистонҳоро санҷиш мекунанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”,-иброз дошт Воҳидзода.

Дар ҳамин ҳол, Хуршед Худоёрзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Додситонии кул гуфт, замоне ки ба ин кӯдакистон иҷозатномаи фаъолият дода шуд, Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф таъсис наёфта буд ва аз ин рӯ, кормандони Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи вазорат иҷозатнома доданд.

“Бинобар он ки инҳо дар ҳамон сол дар ҳамин кӯдакистон санҷиш гузаронида ва дар вақти санҷиш қоидавайронкунӣ ошкор карда, саривақт баҳри камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ накарда буданд аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбати онҳо бо моддаи 322 қисми 2-и КҶ (Хунукназарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд”,-иброз дошт Худоёрзода.

Ин банди қонунгузорӣ ҷарима ё то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ӯ аз ин ду нафар ном набурд, вале гуфт онҳо дар боздошт нестанд.

Ба иттилои ин ниҳод тафтиши парвандаи мазкур ба итмом расида, рӯзи 4-уми август барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Қаблан ВКД дар як баёнияе гуфта буд, ки дар пайванд ба ин қазия муррабии 29-соларо боздошт карданд ва барои “иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак” ё моддаи 174 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар дар нишасти хабарии рӯзи 28-уми июл дар робита ба ин қазия иброз дошт, ки изоҷатномаи фаъолияти кӯдакистони хусусӣ аввали соли ҷорӣ ба анҷом расида, он ғайриқонунӣ фаъолият мекардааст.

Ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро дар матлаби “Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.