Истеҳсол ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Тоҷикистон зиёд шуд

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, намак ва машрубот дар Тоҷикистон мутаносибан ба андозаи 39,6%, 38% ва 33,9% зиёд шуд. Дар ҳамин ҳол, дар содироти маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, бахусус хушкмева ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, ки қисмати асосии содиротро ташкил дода, маблағаш ба 28,3 млн доллар расид, низ афзоиш ба мушоҳида расид. Дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, намак ва машрубот дар Тоҷикистон мутаносибан ба андозаи 39,6%, 38% ва 33,9% зиёд шуд. Дар ҳамин ҳол, дар содироти маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, бахусус хушкмева ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, ки қисмати асосии содиротро ташкил дода, маблағаш ба 28,3 млн доллар расид, низ афзоиш ба мушоҳида расид.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 4 млрд 805,9 млн сомониро ташкил дод, ки 108% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир хабар дод.

 

Рушди устувори соҳа давоми чандин сол

Истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳа аз соли 2018, ки он замон ҳаҷми истеҳсол 5,1 млрд сомониро ташкил дода буд, устуворона зиёд мешавад. То соли 2024 ин нишондиҳанда то 11,4 млрд сомонӣ афзуд.

Нимсолаи аввали соли 2025 дар соҳаи саноати хӯроквории Тоҷикистон 48 корхонаи нав таъсис дода шуда, дар онҳо 277 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Айни замон дар ин соҳа зиёда аз 850 корхона фаъолият дорад.

Дар Вазорати саноат зикр карданд, ки ҳаҷми истеҳсол дар саноати хӯрокворӣ дар нимсолаи аввал аз ҳисоби афзоиши маҳсулоти зерин зиёд шуд:

– маснуоти қаннодӣ 36,6%;

– истеҳсоли намак -38%;

– истеҳсоли нӯшокиҳои машруботӣ (спиртӣ)- 33,9%;

– нӯшокиҳои ғайримашруботӣ – 24,2%;

– макарон – 17,7%;

– орди гандум – 15,9%;

– хушкмева – 15,1%;

– шир – 12,2%;

– маснуоти ҳасиб – 3,6%;

– гӯшт – 3,1%%

– сабзавоту меваи консервшуда – 2,4%;

– маҳусулоти нонӣ – 2,2%.

Беҳтар шудани сатҳи таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ идома дорад:

– ҳиссаи нӯшокиҳои ғайримашруботӣ – 95,6%;

– гӯшт – 82,1%;

– орд – 92,5%;

– маҳсулоти ширӣ – 66%;

– маснуоти қаннодӣ – 66,4%;

– маснуоти макарон – 50,4%;

– равғани растанӣ – 16,5%.

 

Аз содироти маҳсулоти хӯрокворӣ Тоҷикистон беш аз 28 млн доллар даромад гирифт

Бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва афзоиши содирот ба кишварҳои ИДМ, ИМА ва Аврупо устуворона идома меёбад.

Агар дар нимсолаи аввали соли 2024 маблағи содироти маҳсулоти хӯрокворӣ 27,3 млн долларро ташкил дода бошад, пас дар зарфи 6 моҳи соли равон маблағи умумии содирот ба кишварҳое чун Қазоқистон, Русия, Туркия, Олмон, Чин, Ӯзбекистон ва Гурҷистон то ба 28,3 млн доллар расид, ки 3,7% ё худ 1 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар ин давра 45,1 ҳазор тонна хушкмева, 16,2 ҳазор тонна – нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, 200 тонна – партовҳои саноати хӯрокворӣ, 185 тонна – намак, 1,7 ҳазор тонна – сабзавоту меваи консервшуда, 140 тонна – маснуоти қаннодӣ, 496 тонна – желатин (моддае, ки аз устухон ва пӯсти ҳайвон тайёр карда мешавад) ва 1,3 ҳазор тонна орди гандум ба хориҷи кишвар содир шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.