Қатар барои бунёди НБО “Роғун” 50 млн доллар қарз медиҳад

Asia-Plus

Фонди рушди Қатар барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад.

Созишномаи ин қарз миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Фонди рушди Қатар рӯзи 23-юми август, дар шаҳри Душанбе имзо шудааст. Дар хабари расмӣ гуфта нашудааст, ки қарзро Тоҷикистон бояд кай баргардонад.

“Ҳадафи лоиҳа ин саҳм гузоштан ба амнияти миллии энергетикӣ ва дастгирии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таъминоти нерӯи барқи барқароршаванда барои қонеъ кардани талаботи маҳаллӣ ва тавсеаи тавлиди нерӯи барқи дохилӣ ва минтақавӣ тавассути истеҳсоли энергия мебошад”, – гуфта шудааст дар хабари расмӣ.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 24-уми август, Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ, директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд бо ҳайати намояндагони бонкҳои Қатар дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон аз НБО  "Роғун” дидан кард ва “аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаҳои бунёдии он аз наздик шинос шуд”.

Саҳифаи расмии ин неругоҳ дар “Фейсбук” навиштааст, ки “Ал-Сулайтӣ гуфт, сохтмони НБО "Роғун" дастоварди бузурги мардуми тоҷик буда, метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар ва ҳамкориҳои судманди минтақавӣ саҳми муносиб гузорад”.

Ҳамчунин, ӯ як рӯз пеш, 23-юми август бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда, “масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва ниҳодҳои иқтисодию бонкии он” муҳокима карданд.

Бо иттилои Вазорати молия, барои ба итмом расонидани сохтмони “Роғун” бо чанде аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба маблағи умумии 812 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки аз ин 462 миллион доллар қарзҳо ва 350 миллион доллар грант мебошанд.

Барои пурра ба анҷом расонидани “Роғун” Тоҷикистон ба 6,4 миллиард доллар ниёз дорад.

Дар аввал ҳукумат мақсад дошт, ки бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо ба роҳ монда мешавад. Аммо дертар ҳукумат эълон кард, ки барои сохтмони ин иншоот сармоя ҷалб мекунад.

Ҳамин тариқ, соли 2021 ҳукумати кишвар барои ҷалби сармоя ба шарикони байналмилалӣ муроҷиат кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо сохтмончиёни НБО “Роғун” гуфта буд, ки давоми солҳои 2008-2024 ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии нерӯгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ маблағ равона намудааст.

Пештар раисиҷумҳури кишвар гуфт, ки агрегати навбатии “Роғун” соли 2025 ба истифода дода мешавад. Ду агрегати аввалини неругоҳ, ки дар ҳоли ҳозир бо иқтидори кам фаъолият мекунанд, дар солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шуда буданд.

Дар маҷмуъ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоми онҳо 600 МВт дар утоқи мошинсозии неругоҳ насб карда мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини ин нерӯгоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки “Роғун” бо иқтидори насбшудаи 3600 МВт бузургтарин неругоҳ барқии обӣ дар Осиёи Миёна гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...