Мелания Трамп, Амина Эрдуғон, Елена Зеленская, Сара Нетаняҳу… Ҳамсари раисҷумҳурон ба кӣ нома менависанд ва чӣ мехоҳанд?

Дар чанд рӯзи охир ҳамсари чанд раисҷумҳури ҷаҳон ба раисҷумҳур ва бонуи аввали кишвари дигар мактуб навишта, дар он масоили доғи ҷаҳонро ба баррасӣ кашиданд ва хостори иқдомҳои сареъ барои ҳалли он шуданд.   Номаи Мелания Трамп ва Владимир Путин “Дипломатияи номаи бонуи аввал” ҳафтаи гузашта таваҷҷуҳи ҷомеаро ҷалб кард. Мелания Трамп, ҳамсари Доналд Трамп, раисҷумҳури […]

Asia-Plus

Дар чанд рӯзи охир ҳамсари чанд раисҷумҳури ҷаҳон ба раисҷумҳур ва бонуи аввали кишвари дигар мактуб навишта, дар он масоили доғи ҷаҳонро ба баррасӣ кашиданд ва хостори иқдомҳои сареъ барои ҳалли он шуданд.

 

Номаи Мелания Трамп ва Владимир Путин

“Дипломатияи номаи бонуи аввал” ҳафтаи гузашта таваҷҷуҳи ҷомеаро ҷалб кард. Мелания Трамп, ҳамсари Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ки 15-уми август барои мулоқоту музокирот ба Аляска рафта буд, нома навишт ва онро тавассути ҳамсараш ирсол кард. Трамп мактубро дар ҳузури ҳайатҳо ба Путин дод ва раисҷумҳури Русия ҳам онро ҳамонҷо боз карда, хонд.

Барои аксар ҷолиб буд, ки Мелания Трамп дар номаи худ ба Владимир Путин чӣ навиштааст.

Баъдтар телевизиони “Fox News” муҳтавои он номаро нашр кард. Мелания Трамп дар ин нома навиштааст, “дар ҷаҳони муосир баъзе аз кӯдакон маҷбур мешаванд, ки хандаҳои ороми худро дар даруни худ бибанданд – як эътирози хомӯш бар зидди қувваҳое, ки онҳоро аз ояндаашон маҳрум месозад”.

 

“Ҷаноби Путин, шумо метавонед дар танҳоӣ ин хандаи онҳоро баргардонед. Бо ҳифзи ин кӯдакон шумо на танҳо ба Русия, балки ба башарият хидмате хоҳед кард. Чунин чизе фаротар аз тамоми тавофуқҳои инсонӣ аст ва шумо, ҷаноби Путин, метавонед имрӯз бо як ҳаракати қалам онро ба воқеият табдил диҳед. Замони он фаро расидааст”, – навиштааст бонуи аввали Амрико.

Ҳарчанд дар ин нома мушаххас Украина ва ё кӯдакони украинӣ зикр нашудааст, аммо ҷомеа онро ба қазияи дар атрофи Украина ҷараёндошта рабт дод.

 

Номаи Елена Зеленская ба Мелания Трамп

Се рӯз баъд аз ин, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ба мулоқоти Доналд Трамп ба Кохи сафед рафт ва дар ҷараёни он ба раисҷумҳури Амрико номаи ҳамсараш Елена Зеленская ба Мелания Трампро супорид. Дар он нома чӣ навишта шудааст, маълум нест.

Аммо Зеленский вақти тақдими нома ба Трамп гуфт, бонуи аввали Украина ба ҳамтои амрикоияш барои таваҷҷуҳ ба тақдири кӯдакони украинӣ миннатдорӣ кардааст.

 

Номаи Амина Эрдуғон ба Мелания Трамп

Як ҳафта пас аз қабули нома аз бонуи аввали Украина, Мелания Трамп номаи дигар гирифт. Ин бор ба ӯ Амина Эрдуғон, ҳамсари Раҷаб тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия мактуб ирсол кард.

Амина Эрдуғон дар номаи худ аз Мелания Трамп хост, ҳамдардияшро, ки аз вазъи кӯдакони украинӣ иброз дошт, дар роиба ба вазъи ваҳими башардӯстона дар Ғазза низ баён кунад.

“Ҳамдардии шумо ба кӯдакон-ятимон дар Украина – ташаббусе, ки дар қалби одамон умед мебахшад… Тавре дар мактуби худ зикр кардед, ҳар кӯдак ба зиндагӣ дар ҷомеаи амн ва пурмуҳаббат ҳаққи бебаҳс дорад. Кӯдакони ҳеҷ як минтақа, пайвандҳои нажодӣ, динӣ ё ақидавии онҳо набояд онҳоро аз ин ҳақ маҳрум кунад”, – навиштааст Амина Эрдуғон.

Бонуи аввали туркия таъкид кардааст, ки дар навори Ғазза 18 ҳазор кӯдак ҷон бохтааст, ки номи аксари онҳо номаълум аст ва онҳое, ки зинда мондаанд (ҳудуди 1 миллион кӯдак дар навори Ғазза ҳастанд) “хандаро батамом фаромӯш кардаанд”, “мӯйи ин кӯдакони хурдсол аз дарду тарс сафед шудаанд”.

 

Амина Эрдуғон аз Мелания Трамп хостааст, ки ба Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил нома навишта, хоҳиш кунад “ба буҳрони башарӣ дар Ғазза поён диҳад”.

Бонуи аввали Амрико ба ин мактуби ҳамтои туркаш посух додааст ё не номаълум аст. Ҳамчунин, маълум нест, ки ӯ дар робита ба дарду ранҷи кӯдакони фаластинӣ ҳам иқдомеро рӯйи даст мегирад ё не.

 

Номаи Сара Нетаняҳу ба Ҷилл Байден

Пештар низ бонуи аввали кишварҳои дигар ба ҳамтоёни худ мактуб навишта буданд. Аз ҷумла, соли гузашта Сара Нетаняҳу, ҳамсари Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил ба Ҷилл Байден, ҳамсари Ҷо Байден, раисҷумҳури вақти Амрико дар бораи кӯдаконе, ки аз ҷониби гурӯҳи ҲАМОС рабуда шуданд, нома навишт.

Ӯ дар номаи худ навишт, ки на ҳамчун ҳамсари Биби (лақаби Бенямин Нетаняҳу) балки чун модар мактуб менависад ва аз тақдири кӯдакони рабудашуда дар ташвиш аст.

“Онҳо натанҳо рабуда шуданд, балки шоҳиди кушторҳо низ гаштаанд”, – зикр кард Сара Нетаняҳу.

Ӯ аз бонуи аввали Амрико хост, “барои раҳоии фаврии ин кӯдакон иқдом кунад”.

 

Аммо Сара Нетаняҳу дар мавриди тақдири ҳазорон кӯдаки бегуноҳи фаластинӣ, ки зери бомбҳои бидуни ҳадафгирӣ ва болои мактабу, беморхонаву хонаҳои сокинони осоишта фикандаи шавҳараш ҷон бохтанд, ҷароҳат бардоштанд, ятим монданд, гуруснаву бехонаву даранд ҳарфе назад.

Бояд гуфт, Сара Нетаняҳу натанҳо бонуи аввали Исроил, балки яке аз ҳамақидаҳо ва ҷонибдорони сарсахти идомаи ҷанги бидуни тавозуни Исроил аст ва таъсираш дар сиёсатгузориҳо муассир дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.