Ҳамлаи Исроил ба Яман. 4 ғайринизомӣ кушта ва 67 тан захмӣ шудаанд

Исроил рӯзи 24-уми августи соли равон ба Яман ҳамлаи низомӣ анҷом дода, чанд минтақа дар  Санъо, пойтахти ин кишварро бомбборон кардааст. Дар пайи ин ҳамла, ба иттилои Вазорати беҳдошти Яман, дасти кам 4 ғайринизомӣ кушта ва 67 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, атрофи кохи раёсатҷумҳурии Яман дар Санъо, ки солҳои ахир борҳо […]

Исроил рӯзи 24-уми августи соли равон ба Яман ҳамлаи низомӣ анҷом дода, чанд минтақа дар  Санъо, пойтахти ин кишварро бомбборон кардааст. Дар пайи ин ҳамла, ба иттилои Вазорати беҳдошти Яман, дасти кам 4 ғайринизомӣ кушта ва 67 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, атрофи кохи раёсатҷумҳурии Яман дар Санъо, ки солҳои ахир борҳо бомбборон шуда буд, аз ҳадафҳои ҳамлаи Исроил будааст.

Хабаргузории “Фаронса” бо такя ба Ҳусиҳо навиштааст, ки Исроил як сохтмони шаҳрдорӣ дар маркази Санъоро ҳам ҳадаф қарор додааст.

Телевизиони "Ал-Масира"-и Яман гузориш додааст, ки иншооти ширкати нафтӣ ва як нерӯгоҳи барқӣ дар ҷануби Санъо низ ҳадафи ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил қарор гирифтаанд. Ба Нерӯгоҳи ҷануби Санъо ҳафта пеш ҳам Исроил ҳамла карда буд.

Ҳусиҳо ҳамлаи Исроил ба Яманро шадидан маҳкум карда, онро “таҷовуз ба хоки Яман” хондаанд. Муҳаммад Фараҳ, узви дафтари сиёсии Ҳусиҳо гуфтааст, Исроил дар ҳамлаҳои худ ба Санъо иншооти ғайринизомиро ҳадаф қарор додааст ва таъкид кардааст, ки "душман қасдан ба ғайринизомиён дар Яман осеб мерасонад, ҳамон тавре ки дар Ғазза ин корро анҷом медиҳад”.

Исроил таъйид кардааст, ки ба наздики кохи раёсатҷумҳурӣ, нерӯгоҳи барқ ва як анбори сӯхт ҳамла анҷом додааст. Артиши ин кишвар ҳуҷуми худро ҷавоб ба ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакии чанд рӯзи охири Яман ба Исроил унвон додааст.

Бенямин Нетаняҳу дар саҳифаи худ дар “Х” навиштааст, ки “нерӯҳои ҳавоии мо қалби Санъоро ҳадаф қарор доданд. Ҳар касе ба Исроил зиён расонад, баҳои сангин хоҳад дод. Қудрат ва иродаи мо барои ҳама равшан аст”.

Дафтари сиёсии Ҳусиҳо дар баёнияе эълом кард, ки ин гурӯҳ ба ҳамлаҳои Исроил посух хоҳад дод ва афзуд, "мо то замоне, ки таҷовуз ва муҳосираи Ғазза қатъ нашавад, мубориза алайҳи Исроил ва муттаҳиди он, Иёлоти Муттаҳидаро бас намекунем".

Артиши Исроил гуфт, ҳамлаҳояш ба Яман анҷом ёфтаанд ва ваъда дод, ки дар сурати посухи Ҳусиҳо дигарбора ба ин кишвар ҳамла хоҳад кард.

Пӯзи ҷумъаи гузашта, Ҳусиҳо эълом карданд, ки дар тозатарин ҳамлаи худ ба Исроил як мушаки болистикӣ партоб кардаанд. Ин ҳамларо онҳо пуштибонӣ аз фаластиниҳо дар Ғазза тавсиф карданд.

Нерӯҳои Исроил рӯзи якшанбе гуфтанд, “ба эҳтимоли зиёд” дар ин ҳамла Ҳусиҳо барои аввалин бор аз “кулоҳаки хушаӣ” истифода кардаанд.

Аз оғози ҷанги Ғазза дар моҳи октябри соли 2023, Ҳусиҳо борҳо Исроилро бо истифода аз мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Исроил ҳамла карданд. Онҳо ин ҳамлаҳои худро ҳимоят аз фаластиниҳо унвон медиҳанд.

Ин гурӯҳ дар тӯли камтар аз ду даҳа аз як гурӯҳи шӯришиёни маҳаллӣ ба ҳокими воқеии қисматҳое аз Яман, аз ҷумла, пойтахти он, шаҳри Санъо табдил ёфт. Ҳусиҳо аз Ғазза ҷонибдорӣ ва ҳамлаи Исроил ба ин борикаро маҳкум мекунанд. Баъди оғози бомбборони Ғазза аз сӯйи Исроил, Ҳусиҳо пайваста киштиҳои тиҷоратӣ бо парчами ин кишварро зери ҳамла қарор медиҳанд ва ба Исроил ҳам чанд бор мушак партоб карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.