Имсол қариб 70 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳҳои Туркия ройгон қабул шудаанд

Asia-Plus

Имсол 68 донишҷӯйи тоҷик тариқи барномаи “Бурсияҳои Туркия – 2025” ба донишгоҳҳои Туркия қабул гардидаанд.

Дар ин бора, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода, гуфтааст, донишҷӯёни қабулшуда то 19-уми сентябри соли ҷорӣ имкони анҷоми расмиёти заруриро доранд.

Ӯ бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик эълон кардааст, ки раводиди таълимӣ баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз  сӯи сафорат ройгон дода мешавад.

Сафир тавсия додааст, ки барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи консулии сафорати Туркия дар Тоҷикистон ва барои гирифтани раводид ба Маркази дархости раводиди “ABC” муроҷиат кунанд.

Инчунин, донишҷӯёни тоҷик метавонанд саволҳои худро тариқи почтаи электронии [email protected] ирсол кунанд.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ҳамаи ин нафарон ройгон ба муассисаҳои олии Туркия қабул шуда, таҳсил мекунанд. 

Ба гуфтаи сафири Туркия, имсол барои таҳсил дар ин кишвар тариқи “Бурсияҳои Туркия-2025” аз 171 кишвари ҷаҳон 123 ҳазор довталаб ҳуҷҷат супорида, ба номзадҳои пирӯз баъди супоридани имтиҳон номаи қабул ба донишгоҳ  фиристода шудааст.

Бояд гуфт, Вазорати маорифи кишвар соле пеш гуфта буд, беш аз 900 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои олии кишвари Туркия таҳсил мекунанд.

Дар бораи гирифтани раводид барои таҳсил ба Туркия дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...