Имсол қариб 70 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳҳои Туркия ройгон қабул шудаанд

Имсол 68 донишҷӯйи тоҷик тариқи барномаи “Бурсияҳои Туркия – 2025” ба донишгоҳҳои Туркия қабул гардидаанд. Дар ин бора, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода, гуфтааст, донишҷӯёни қабулшуда то 19-уми сентябри соли ҷорӣ имкони анҷоми расмиёти заруриро доранд. Ӯ бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик эълон кардааст, ки раводиди таълимӣ баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз […]

Имсол 68 донишҷӯйи тоҷик тариқи барномаи “Бурсияҳои Туркия – 2025” ба донишгоҳҳои Туркия қабул гардидаанд.

Дар ин бора, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода, гуфтааст, донишҷӯёни қабулшуда то 19-уми сентябри соли ҷорӣ имкони анҷоми расмиёти заруриро доранд.

Ӯ бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик эълон кардааст, ки раводиди таълимӣ баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз  сӯи сафорат ройгон дода мешавад.

Сафир тавсия додааст, ки барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи консулии сафорати Туркия дар Тоҷикистон ва барои гирифтани раводид ба Маркази дархости раводиди “ABC” муроҷиат кунанд.

Инчунин, донишҷӯёни тоҷик метавонанд саволҳои худро тариқи почтаи электронии [email protected] ирсол кунанд.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ҳамаи ин нафарон ройгон ба муассисаҳои олии Туркия қабул шуда, таҳсил мекунанд. 

Ба гуфтаи сафири Туркия, имсол барои таҳсил дар ин кишвар тариқи “Бурсияҳои Туркия-2025” аз 171 кишвари ҷаҳон 123 ҳазор довталаб ҳуҷҷат супорида, ба номзадҳои пирӯз баъди супоридани имтиҳон номаи қабул ба донишгоҳ  фиристода шудааст.

Бояд гуфт, Вазорати маорифи кишвар соле пеш гуфта буд, беш аз 900 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои олии кишвари Туркия таҳсил мекунанд.

Дар бораи гирифтани раводид барои таҳсил ба Туркия дар ин пайванд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.