“Кӯдакони муҳоҷирони баргашта эм нагирифтаанд”. Дар Тоҷикистон зидди бемории сурхакон кӯдаконро эм мекунанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон имрӯз, 25-уми август маъракаи эмкунӣ зидди  бемори сурхакон миёни кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола оғоз гардид. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эълон кард, ки эмкунӣ то рӯзи 6-уми сентябр дар 14 шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида мешавад.

Ин вазорат мегӯяд, ки рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхакон, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ гирифта шудааст.

Ба иттилои расмӣ, эмгузаронӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Исфара, Панҷакент, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Қубодиён, Данғара, Шаҳритус, Кӯшониён, Восеъ, Вахш, Фархор гузаронида мешавад.

Вазорат мегӯяд кӯдаконе, ки дар муддати аз 6-уми сентябри соли 2020 то 6 -уми марти соли 2025 таваллуд шудаанд, эм карда мешаванд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, тасмими эмгузаронӣ дар бархе шаҳру ноҳияҳои кишвар ба хотири эҳтимоли зиёди гирифторшавии кӯдакони ин минтақаҳо ба бемории сурхакон гирифта шудааст.

“Бо назардошти он ки солҳои пеш дар ин шаҳру ноҳияҳо ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории сурхакон сабт шуда буд, баъди таҳлил хулоса бароварда шуд, ки дар 15 шаҳру ноҳияи кишвар, теъдоди муайяни кӯдакон эм карда шаванд. Чунки дар аксари ин минтақаҳо кӯдаконро эм накардаанд ва бархе шаҳрвандон аз Русия баргаштаанд, ки лозим аст кӯдаконашон эм кунанд. Таҳлилҳои пешакӣ нишон дод, ки зарурати гузаронидани эмкунӣ ҳаст”, – иброз дошт Наврӯз Ҷаъфаров.

Номбурда гуфт, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо кишвар эҳтимолияти гирифторшавии кӯдакон ба бемории сурхакон вуҷуд надорад.

Аз Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар беморхонаҳои пойтахт ягон ҳолати мубталошавӣ ба бемории сурхакон ба қайд гирифта нашудааст. Намояндаи раёсат афзуд, ки “эмгузаронӣ танҳо ба хотири пешгирии ин беморӣ дар миёни кӯдакон аст”.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз духтурон дар беморхонаҳои пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории сурхаконро дар шаҳри Душанбе мушоҳида кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки ин мавридҳо ба мисли солҳои қабл вахим нест, аммо эҳтимоли хуруҷи дубораи ин беморӣ мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки соли 2022 низ бемории сурхакон дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод ба қайд гирифта шуда, маъракаи эмкунӣ алайҳи бемории сурхакон моҳи сентябри ҳамин сол баргузор шуда буд

Ёдовар мешавем, ки аввали имсол нигарониҳо аз хуруҷи бемории сурхакон дар миёни кӯдакон расонаӣ гардид. Сокинон ва духтурони беморхонаҳои кишвар аз “якбора зиёд шудани теъдоди беморон бо нишонаҳои гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ” изҳори ташвиш карда буданд. Аммо Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таъкид карда буданд, ки хуруҷи бемории сурхакон дар кишвар сабт нашудааст.

Бояд гуфт, ки дар соли 2022 дар Тоҷикистон 425 нафар ба бемории сурхакон мубтало шуда буданд. Соли 2021 ҳамагӣ 10 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Душанбе, Рашт ва Нуробод аз манотиқе будаанд, ки солҳои 2021 ва 2022 олудагӣ ба ин беморӣ сабт шудааст.

Сурхакон бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, сатҳи хеле баланди сирояткунанда дорад, ки ангезандаи он вируси сурхакон мебошад. Ҳарорати баланд (то 40,5 °C), илтиҳоби луобпардаи холигоҳи даҳон ва роҳҳои болоии нафас ва доғҳои хоси макулопапулярии пӯст, заҳролудшавии умумӣ нишонаҳои ин беморӣ мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...