Дар Тоҷикистон бемории сурхакон вуҷуд надорад, аммо кӯдаконро эм мекунанд

Соли гузашта ҳодисаҳои гирифтор шудан ба ин бемори зиёд буданд: он аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст. Дар Тоҷикистон соли 2022 гирифторӣ ба бемории сурхакон башиддат афзоиш ёфта буд, аммо имсол ин беморӣ дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 10 феврал, дар […]

Соли гузашта ҳодисаҳои гирифтор шудан ба ин бемори зиёд буданд: он аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст.

Дар Тоҷикистон соли 2022 гирифторӣ ба бемории сурхакон башиддат афзоиш ёфта буд, аммо имсол ин беморӣ дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 10 феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2022 дар Тоҷикистон 425 нафар ба бемории сурхакон мубтало шуда буданд. Ин нишондод соли 2021 дар умум 10 нафарро ташкил медод.

Бемории сурхакон дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод ба қайд гирифта шудааст.

"Тадқиқоти мутахассисон нишон дод, ки ин беморӣ ба Тоҷикистон аз Русия ва ҳамчунин, аз Ӯзбекистон ворид шудааст. Дар Тоҷикистон мавориди гирифторӣ ба бемории сурхакони навъи D6 мушоҳида шудааст ва қаблан ин навъи беморӣ дар шаҳри Новосибирски Русия низ мушоҳида шуда буд", – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Вазири тандурустӣ ёдовар шуд, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод маъракаи эмкунӣ алайҳи бемории сурхакон баргузор шуда буд ва тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эмкунӣ дар дигар манотиқи кишвар низ дар назар аст.

Бояд гуфт, ки сурхакон бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, сатҳи хеле баланди сирояткунанда дорад, ки ангезандаи он вируси сурхакон мебошад. Ҳарорати баланд (то 40,5 °C), илтиҳоби луобпардаи холигоҳи даҳон ва роҳҳои болоии нафас ва доғҳои хоси макулопапулярии пӯст, заҳролудшавии умумӣ нишонаҳои ин беморӣ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.