Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо коргарони НБО “Роғун” гуфт, то имрӯз ду агрегати ин нерӯгоҳ 2,1 миллиард сомонӣ даромад доштааст

Субҳи имрӯз, 27-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо кормандони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва фаъолони ин шаҳр мулоқот ва дар ҳузури онҳо суханронӣ кардааст. Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, ки корҳои то имрӯз баанҷомрасида, нисбат ба соли гузашта беҳтар будаанд. Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ таъкид кардааст, ки “бо бунёд ва пурра […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 27-уми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо кормандони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва фаъолони ин шаҳр мулоқот ва дар ҳузури онҳо суханронӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, ки корҳои то имрӯз баанҷомрасида, нисбат ба соли гузашта беҳтар будаанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ таъкид кардааст, ки “бо бунёд ва пурра ба кор андохтани “Роғун” мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзаву ояндаро таъмин мекунем”.

Тибқи иттилои расмӣ, ду агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун аз ибтидои кор то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ба маблағи 2,1 миллиард сомонӣ истеҳсол кардааст.

Таъкид шудааст, ки дар соли 2026 чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашуми ин нерӯгоҳ ба чархҳои кории доимӣ иваз карда мешаванд ва истеҳсоли нерӯи барқ афзоиш меёбад.  

“Аз оғози соли 2025 барои корҳои анҷомёфта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 4,3 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст. Дар маҷмуъ, аз соли 2008 то имрӯз аз ҷониби ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмони нерӯгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ба гуфтаи манбаъ ҳоло дар нерӯгоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргарону муҳандисон кор мекунанд.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саривақт иҷро гардидани нақшаи сохтмон ба фармоишгарону пудратчиёни бунёди НБО Роғун супориш додааст.

Аз ҷумла ширкатҳои Вибилд ва Тоҷикгидроэлектромонтаж вазифадор карда шудаанд, ки корҳоро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда, шумори техникаҳоро зиёд ва захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин кунанд.

Ба ширкати Тоҷикгидроэлектромонтаж дастур дода шудааст, сохтмони нақби қабати чоруми нерӯгоҳро на дертар аз моҳи апрели соли 2026 пурра ба анҷом расонанд.

Ширкати Вибилд муваззаф гардидааст, ки обгирии обанборро то охири моҳи сентябри имсол дар сатҳи 1100 метр расонад.

Инчунин гуфта шудааст, ки то имрӯз 15 ҳазору 400 аъзои оилаҳои дар минтақаи зериобшаванда қарордошта, дар ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Турсунзода, Роғун бо манзили зист ва замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд.

 

Дар идома Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар оид ба рафти корҳо дар нерӯгоҳ ба расиҷумҳур ҳисобот додааст. Сарвазир гуфтааст, ки ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ то моҳи августи соли 2027 корҳо дар НБО Роғун “бо сифати баланд иҷро мешаванд”.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки агрегати навбатии “Роғун” соли 2025 ба истифода дода мешавад. Ду агрегати аввалини нерӯгоҳ, ки дар ҳоли ҳозир бо иқтидори кам фаъолият мекунанд, дар солҳои 2018 ва 2019 ба истифода дода шуда буданд.

Дар маҷмуъ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоми онҳо 600 МВт дар толори мошинсозии нерӯгоҳ насб карда мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини ин нерӯгоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки “Роғун” бо иқтидори насбшудаи 3600 МВт бузургтарин неругоҳи барқии обӣ дар Осиёи Миёна гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.