Ба фарқ аз солҳои гузашта, имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар “Дарси сулҳ” аз камбудиҳои соҳаи маориф камтар интиқод кард, вале бо ин вуҷуд, бори дигар аз норасоии омӯзгорон, мактабу кӯдакистонҳо, китобҳои дарсӣ ва кам будани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта эрод гирифт.
Субҳи имрӯз, 30-юми август, Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар саҳни донишгоҳ бо омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони соҳаи маорифу илм суҳбат кард.
Интиқод аз норасоии омӯзгорон, кӯдакистонҳо ва китобҳои дарсӣ
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло мактабҳои кишвар ба 3 ҳазору 848 омӯзгор эҳтиёҷ доранд. Ҳарчанд, имсол 3 ҳазору 168 хатмкунандаи ихтисоси омӯзгорӣ ба мактабҳои шаҳру ноҳияҳо сафарбар шудаанд.
“Вобаста ба ин бори дигар таъкид менамоям, ки Вазорати маориф ва илм ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муддати як сол масъалаи норасоии омӯгоронро пурра бартараф намоянд. Худи ҳамин сол муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро 17 ҳазору 200 нафар хатм кардаанд. Барои мо ҳамагӣ 3,5 ҳазор даркор, яъне худи ҳозир низ 100% таъмин кардан мумкин аст”,-таъкид кард раисҷумҳури кишвар.
Президент ҳамчунин, аз кам будани кӯдакистонҳо дар кишвар ва пурра фаро нагирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, изҳори нигаронӣ кард. Ӯ ба вазорати маориф, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро супориш дод, ки то соли 2030 дастрасии тифлонро ба кӯдакистонҳо ба 50% расонанд.
Норасоии китобҳои дарсӣ аз мушкили дигари соҳаи маориф аст, ки раисҷумҳур бори дигар эрод гирифт. Ӯ ба Вазорати маориф ва илм дастур дод, ки то охири имсол эҳтиёҷоти мактабҳоро ба китобҳои дарсӣ пурра қонеъ намояд.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Маркази тадқиқоти стратегиро вазифадор кард, ки бо ҷалби олимон “Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ”-ро аз нав омода ва пешниҳод кунанд.
Ӯ таъкид кард, ки китобҳои дарсӣ барои мактабҳо, колеҷҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бояд пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронида шаванд.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло дар кишвар 48 донишгоҳ або беш аз 213 ҳазор донишҷӯ ва 86 қолеҷ бо 16 ҳазору 187 омӯзгор фаъолият мекунанд.
Дар як сол бояд беш аз 300 мактаб сохта шавад
Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ гуфт, ки дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳибкорони тоҷик ва шахсони саховатманд 1 ҳазору 435 мактаб бо 231 ҳазор ҷойи нишаст бунёд кардаанд. Маблағи умумии мактабҳои сохташуда 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ мебошад.
Ӯ гуфт, ҳоло дар кишвар сохтмони 309 мактаб барои 94 ҳазор хонанда идома дошта, то охири сол 200 бинои он ба истифода дода мешавад.
Раисҷумҳур гуфт, ки дар кишвар бояд дар як сол 308 мактаб бунёд гардад, то масъалаи норасоии муассисаи таҳсилоти миёна низ пурра бартараф шаванд.
Интиқод аз таблиғи марказҳои тиббии хориҷӣ дар телевизионҳо
Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо донишҷӯён аз ворид шудани тибби кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва таблиғи он дар телевизионҳои кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ иброз дошт, ки шаҳрвандони дигар кишварҳо бо истифода аз гиёҳҳои гуногун “пули мардуми тоҷикро гирифта рафта истодаанд” дар ҳоле, ки хидматрасонии онҳо ба дарди шаҳрвандон таъсир намерасонад.
Роҳбари кишвар гуфт, ки дар робита ба ин масъала “вазири тандурустӣ ҳам медонад, ман сарзаниш ҳам карда будам”.
“Ман шоҳид ҳастам, боз реклама ҳам мекунем, телевизиони тоҷикро мон, аз кӣ сар мекунад? Аз табиби тоҷик не! Ҳамин мемонӣ маркази табобатии фалон ҷо, ҳамара соз мекунад, умри дарози бобаракат мебинӣ. Чуноне, ки гӯё дар Тоҷикистон на табиб ҳасту, на касалхона дораду на вазорат…”,-иброз дошт раисҷумҳур.
Ӯ илова кард, ки ҳоло ҳам дар баъзан ҳолатҳо “менталитети куҳна ҳаст”.
“Инки ман сардухтур бошам, бояд галстук бандам, мошин савор шавам, он замон гузашт рафт. Ҳозир мутахассиси дараҷаи баланд бош, клиникаи худро боз кун, ҳунаратро нишон те. Соҳиби пул, бойгарӣ ва эҳтиром ҳам мегардӣ. Ҳамачиро мо озод карда мондем, касе метавонад, касалхонаи худро боз мекунад”,-таъкид кард раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин боз чӣ супориш дод?
Роҳбари кишвар таъкид кард, ки соҳаи маорифи Тоҷикистон ба такмилу бознигарии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифати таълим, таъмин кардани муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, кабинетҳои фанниву озмоишгоҳҳо ниёз дорад.
Ӯ таъкид кард, ки стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад. Вобаста ба ин раисҷумҳур супориш дод, ки стандарти нави давлатӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта таҳия ва қабул карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки стандарти нави давлатӣ бояд ба беҳбуди сифати таҳсилот, болоравии қобилияти хатмкунандагон ва ташаккули низоми таълимӣ мусоидат кунад.
Инчунин ҷиҳати пурра таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ “Барномаи давлатии омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ” дар муддати 6 моҳ таҳия карда мешавад.
Зимнан барои таҳия кардани меъёрҳои ягонаи муайянкунадаи сифати таҳсилот ва то соли 2044-ум таъсис додани махзани ягона ҷиҳати таҳлил, арзёбии сифати дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагон тавассути технологияҳои рақамӣ дастур дода шуд.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар "Рӯзи дониш" мушкилоти соҳаи маорифро ба таври васеъ баррасӣ кард ва барои ҳалли он ба масъулини вазорати маориф ду сол муҳлат дода буд. Нигаронӣ ва эродҳои гирифтаи раисҷумҳурро дар матлаби “Президент 2 сол муҳлат дод. “Ёддошт” ба вазири маориф ва илм барои ҳалли мушкили умдаи соҳа” мутолиа кунед.


