Дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта кам мешавад. Мақомот роҳҳои раҳоӣ аз буҳронро меҷӯянд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тайи ду соли охир коҳиши босуръати кишт ва коркарди пахта дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки мустақиман ба имконоти содироти кишвар таъсир мерасонад. Агар дар соли 2022 зиёда аз 404 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, пас дар соли 2024 ҳамагӣ 253,2 ҳазор тонна ҷамъ шудааст.

 

Стратегияи пахтакорӣ. Таваҷҷуҳ ба коркард

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзи 26 август таҳти роҳбарии Ашӯрбой Солеҳзода, муовини аввали вазир ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба масъалаҳои сиёсати макроиқтисодӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ба масоили  дурнамои рушди истеҳсол ва коркарди пахта, инчунин тадбирҳо ҷиҳати рафъи бӯҳрони ҷорӣ дар соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Солеҳзода таъкид кард, ки рушди пахтакорӣ ва коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар самти стратегии фаъолият боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, ин на танҳо масъалаи суботи иқтисодӣ, балки омили муҳими таҳкими иқтидори содиротии ҷумҳурӣ низ мебошад.

 

Чамъоварии пахта ва коҳиши даромад аз содирот

Таҳлил нишон медиҳад, ки соли 2023-юм 301,7 ҳазор тонна ва соли 2024-ум 253,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта низ коҳиш ёфта, аз 127,1 ҳазор тонна дар соли 2022-юм то 106,9 ҳазор тонна дар соли 2024 расидааст.

Ҳамчунин, нишондиҳандаҳои содирот поин рафта, соли гузашта ба маблағи 170,1 млн доллар нахи пахта ба хориҷи кишвар содир шуд, ки 8,8 ҳазор тонна аз рӯйи вазн ва 28,5 млн доллар камтар нисбат ба як соли пешин аст. Нарх ба ҳисоби миёна то 1692 доллар барои 1 тонна поин рафт.

Пахтаи Тоҷикистон аксаран ба Эрон (68% аз ҳаҷми умумӣ) интиқол гардида, дар идома Туркия (15%), Чин (8,4%), Русия (4,4%), Покистон (3%), Гурҷистон (1%), Бангладеш (0,2%) ва Латвия (0,1%) қарор доранд.

 

Чаро истеҳсол кам шуд?

Дар ин соҳа як қатор мушкилот боқӣ мондааст. Ин пеш аз ҳама, иҷро нашудани нақшаи истеҳсоли пахтаи хом, таърифа (тарифҳо)-и баланд ба нерӯи барқ ва мавҷуд набудани имтиёзҳои мавсимӣ, дастрасии маҳдуд ба қарзҳо, инчунин норасоии мутахассисони соҳибтаҷриба мебошад.

Коршиносон зикр мекунанд, ки дар соли 2025 шароити номусоиди иқлим омили калидӣ шуд. Бар асари боришоти зиёд маъракаи киштукор 65 рӯз давом карда, муҳлати расидани ҳосил ба таъхир афтод ва сифати он паст шуд. Вазъиро гармии зиёди тобистон, хатогиҳои кишоварзон дар агротехника ва обёриҳои барвақтӣ, ки ба пӯсидани решаи растаниҳои боис гардид, боз ҳам душвортар карданд.

Аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар набудан як зарбаи дигар аст. Дар сурати 6-7 сомонӣ будани 1 кг пахта ба ҳисоби миёна дар фурӯш, арзиши аслии он ба 7-8 сомонӣ мерасад, ки ба зиён ва камшавии таваҷҷуҳи кишоварзон ба парвариши пахта оварда мерасонад.

Норасоии кадрҳо низ мушкли ҷиддӣ аст. Дар ҳудуди 200 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ агрономҳои касбӣ нестанд ва дар корхонаҳои нассоҷӣ камбуди мутахассисон барои кор бо таҷҳизоти муосир эҳсос мешавад.

Тавре гуфта шуд, таърифаҳои баланд ба нерӯи барқ монеъаи ҷудогона аст. Хароҷоти он ба 15% аз арзиши аслии риштаи пахта расида, дар ҳамин ҳол, имтиёзҳои мавсимӣ пешниҳод намешаванд. Ғайр аз ин, дастрасии маҳдуд ба қарзҳо имкон намедиҳад, ки корхонаҳо таъмиру навсозӣ шуда, иқтидорашон зиёдтар гардад.

Барои дастгирии коркард ва афзоиши маҳсулоти нассоҷӣ ҳукумат дар соҳаҳои таърифа ва ғайритаърифа як қатор тадбирҳои ҳавасмандсозӣ ҷорӣ кард. Аммо коршиносон зикр мекунанд, ки ин имтиёзҳо ҳоло начандон пурсамар истифода гардида, ба фаровонии бозори истеъмол ва бештар ворид шудани даромад ба буҷет таъсири назаррас надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...