“Азия-Плюс” барои наврасон маъракаи иттилоотии “Зиреҳ”-ро роҳандозӣ мекунад

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” маъракаи иттилоотии “Зиреҳ”-ро роҳандозӣ мекунад, ки ба саводи расонаӣ ва амнияти рақамии наврасон бахшида шудааст. Тавре назарсанҷии кӯтоҳи мо нишон дод, мактаббачагон ҳамарӯза бо хавфҳои онлайнӣ, аз қабили таҳқир (буллинг), қаллобӣ, хабарҳои бардурӯғ (фейк) ва фишор рӯ ба рӯ мешаванд ва аксаран ин мушкилотро дар танҳоӣ, бе дастгирии калонсолон ё мутахассисон паси […]

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” маъракаи иттилоотии “Зиреҳ”-ро роҳандозӣ мекунад, ки ба саводи расонаӣ ва амнияти рақамии наврасон бахшида шудааст.

Тавре назарсанҷии кӯтоҳи мо нишон дод, мактаббачагон ҳамарӯза бо хавфҳои онлайнӣ, аз қабили таҳқир (буллинг), қаллобӣ, хабарҳои бардурӯғ (фейк) ва фишор рӯ ба рӯ мешаванд ва аксаран ин мушкилотро дар танҳоӣ, бе дастгирии калонсолон ё мутахассисон паси сар мекунанд.

“Зиреҳ” барои шунидани дарди дили онҳо ва пешниҳоди роҳу воситаҳои пешгирии хавфҳои онлайнӣ нигаронида шудааст.

Дар доираи маърака чунин чорабиниҳо баргузор мешавад:

– нашри силсилақиссаҳои видеоӣ бо саргузашти воқеии наврасон дар интернет;

–  роҳандозии “чат-бот”-и машваратӣ оид ба бехатарии рақамӣ;

– баргузории як қатор омӯзишҳои амалӣ (“Лабораторияҳои мобилӣ”) дар мактабҳои кишвар то моҳи марти соли 2026.

Маърака танҳо ба худи наврасон нигаронида нашуда, ҳамзамон падару модарон, омӯзгорон ва равоншиносонро низ ҷалб мешаванд. Зеро дар ҷаҳони рақамӣ ҳимоя ва эътимод бидуни муколамаи наслҳо имконнопазир аст.

“Азия-Плюс” омода аст бо мактабу марказҳои рушд ва созмонҳои кор бо ҷавонон ҳамкорӣ кунад. Агар хоҳиши ба маърака пайваст шуданро доред, бо мо ҳатман дар тамос шавед.

Агар мехоҳед қаҳрамони яке аз қиссаҳои видеоии мо дар бораи таҷрибаи наврасон дар интернет шавед, ба рақами кӯтоҳи 41-41 занг занед ва ҷузъи маъракаи “Зиреҳ” гардед.

Маъракаи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи Internews “Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод” (CARAVAN) таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи “Азия-Плюс” вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад/

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.